Пул, акс аз бойгонӣ

Як масъули Донишгоҳи Бохтар ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд

130
(Таҷдидшуда 11:14 06.07.2018)
Корманди донишгоҳро дар дохили худраваш, ҳангоми гирифтани 3000 сомонӣ дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Як масъули Донишгоҳи Бохтар ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд, хабар медиҳад Ожонси мубориза бо фасод.

Бино бар иттилои манбаъ, Ҳалимов Раҳматулло Самадович, сардори хадамоти ҳифзи меҳнати Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Носири Хусрав   барои ба курси сеюм дохил намудани як довталаб 1500 доллар талаб кардааст.

"Ҳалимов Раҳматулло аз наздикони довталаб  моҳи ноябри соли 2017 5000 сомонӣ, моҳи декабри соли 2017  4300 сомонӣ ва аввалҳои моҳи марти соли 2018 1500 сомонӣ, дар умум 10 800 сомонӣ гирифтааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Номбурда бо ин қаноатманд нагардида, амалҳои ғайриқонунии худро идома дода, 4 майи соли 2018 аз шаҳрванд "А" боз овардани маблағи 3000 сомонии дигарро талаб намудаат, меафзояд манбаъ.

Муттаҳам дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ  ҳангоми гирифтани 3000 сомонӣ  дар дохили мошинаш боздошт гардид.

Нисбати Ҳалимов Раҳматулло Самадович, бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтиши пешакии он идома дорад.

130
Барчаспҳо:
донишгоҳ, ришва, боздошт, Ожонси мубориза бо фасод, Тоҷикистон
Рустам Эмомали на день физкультурника подарил спортсменам Хорога спортивную форму

Либосҳои варзишӣ ва тӯбу кимоно: тӯҳфаи Рустами Эмомалӣ ба варзишгарони Хоруғ

2
(Таҷдидшуда 12:26 14.08.2020)
Рустами Эмомалӣ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе (ФФТ) ба ба варзишгарони шаҳри Хоруғ либосу лавозимоти варзишӣ тақдим кардааст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон туҳфаҳои Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи варзишгарон супорида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, туҳфаҳои президенти ФФТ аз қабили либосҳои варзишӣ, тӯбҳои гуногун ва кимоно супурда ба мактабҳои варзишӣ оид ба футболу волейбол, баскетболу бокс ва дзюдои маркази маъмурии ВМКБ супорида шуд.

Сураҷ Чоршанбиев, мудири бахши ҷавонон ва варзиши дастгоҳи ҳукумати ВМКБ аз номи варзишгарони Хоруғ ба Рустами Эмомалӣ барои дастгирии варзишгарону мураббиёни вилоят изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кардааст, ки фароҳам овардани имконоти нав барои рушди варзиш афзалияти кори ҳукумати маҳаллӣ мебошад.

Номбурда гуфтааст, ба туфайли дастгирии ФФТ дар Бадахшон якчанд майдони футбол бо рӯйпӯши сунъӣ сохта шуда, инчунин навъҳои дигари варзиш - волейболу футбол, боксу гӯштингирӣ ва ғайра дар ҳоли рушд аст.

2
Барчаспҳо:
ВМКБ, Рустами Эмомалӣ, ФФТ, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

Муноқишаи оилавӣ ба марг анҷомид: сокини Чиптеппа ҳамсари 30 - солаашро кушт

139
(Таҷдидшуда 11:52 14.08.2020)
Зани 30 - сола аснои муноқишаи оилавӣ аз дасти ҳамсари худ сахт ҷароҳатдор шуд ва дар беморхона ҷон аз даст дод

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Кормандони милитсияи сокини 34 - солаи  деҳоти Чиптеппаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки дар куштори ҳамсари ҷавони худ муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи рӯзи 12 - уми август, тахминан соати 23:00 рух додааст.

Гуфта мешавад, куштор дар заминаи муноқишаи оилавӣ сар задааст.

Куштор дар Вахш: писар ба хотири ҳамсари худ падарашро бо қарабоӣ зада кушт

"Номбурда дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари худ зани 30-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба рони пойи росташ задааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, ҷабридида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

139
Барчаспҳо:
ҳамсар, куштор, Рӯдакӣ