Маҳтоб Фозиловаи 78-сола дар Деваштич ҷойи адои Ҳаҷ пул сохт

Маҳтоб Фозиловаи 78-сола ҷойи адои Ҳаҷ, пул сохт

283
(Таҷдидшуда 13:26 06.07.2018)
Пиразан маблағи ҷамъовардаашро барои бунёди пул дар деҳае сарф кард, ки дар домани кӯҳҳо ҷойгир шудааст. Ин иқдоми Маҳтоб Фозилова мушкилии ҳамарӯзаи садҳо сокинонро осон кард

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Як зани 78-солаи сокини Деваштич маблағҳои барои сафари Ҳаҷ ҷамъкардаашро ба бунёди пул сарф кард, хабар медиҳад Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, Маҳтоб Фозиловаи 78-сола, сокини деҳаи Меткии ноҳияи Деваштич, ки мехост ба Ҳаҷ сафар кунад, барои савоб ва дуои неки мардум кӯпрук бунёд кард.

Панҷуми июн дар деҳа бо ширкати раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҶТ Атҳам Абдуллозода маросими ифтитоҳи пул баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки бунёди пул (кӯпрук) моҳи июн оғоз гардида, дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бо риояи талаботҳои стандартӣ бо сифати баланд ба истифода супорида шуд.
Ин иқдоми Маҳтоб Фозилова мушкилии ҳамарӯзаи садҳо сокинонро осон кард.

283
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, пул, Маҳтоб Фозилова, Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

47
(Таҷдидшуда 09:44 19.01.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 19 январ эълон кард

ДУШАНБЕ, 19 янв— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1516 сомонӣ нишон дода шудааст.

Доллари амрикоӣ пас аз якбора боло рафтан дар соли гузашта, дар ҳоли суқут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6346 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 00.1516 то 0.1550 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1525
0,1555 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1525 то 0.1545 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.

Таъиноти кадрӣ аз Бонки миллӣ то Прокуратураи генералӣ: президент кадрҳоро ҷобаҷо кард

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

47
Барчаспҳо:
арзиши асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Болғаи додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Фармони барканории раиси додгоҳ

761
(Таҷдидшуда 20:33 18.01.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни анҷоми тағйироти кадрӣ фармони барканории як раиси додгоҳро низ имзо кардааст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Маъруфҷон Бурҳониён аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барканор шуд.

“Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Бурҳониён Маъруфҷон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шавад”, - омадааст дар фармон.

“Чор ҳазор доллар пора гирифт”: фармони Президент дар бораи Рухшона Раҳмонализода

Дар фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон далели барканории Бурҳониён зикр нашудааст.

Бурҳониён Маъруфҷон аз моҳои апрели соли 2018 дар мақоми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кор мекард. Қабл аз ин, Бурҳониён мақоми муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба уҳда дошт.

761
Барчаспҳо:
додгоҳ, фармон, Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев посетил прядильное предприятие в Шахрисабзе - фото

Мирзиёев: "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Донишгоҳе назири Оксфорд месозем

0
(Таҷдидшуда 01:06 19.01.2021)
Президенти Ӯзбекистон тасмим дорад, барои нигоҳ доштани нерӯи зеҳнии кишвараш шароит фароҳам оварад ва донишгоҳи президентии назири Оксфордро роҳандозӣ кунад

ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Донишгоҳи президентӣ дар Тошканд барои таҳсили 8000 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми мулоқот бо намояндагони минтақаи Юнусободи пойтахт изҳор доштааст, хабар медиҳад, телевизиони "Узбекистон-24".

“Мо як донишгоҳи президентӣ месозем. Мехоҳем бори аввал дар Ӯзбекистон таҳсилоти Оксфордро ҷорӣ кунем. Бахши маорифи Бритониё дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст. Мо мактабҳои нави президентӣ кушодем, акнун барои 8000 донишҷӯ донишгоҳи нави президентӣ мекушоем. Ҳама муаллимон аз хориҷ хоҳанд буд », - гуфтааст, президент.

Шавкат Мирзиёев бо таассуф қайд кард, ки нисфи ҷавонон пас аз таҳсил дар хориҷа ба ватан барнамегарданд.

“Фарзандони мо ба хориҷа мераванд - 50%-и онҳо барнамегарданд. "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Шароити онҷо ба онҳо писанд аст, маош баланд аст. Аммо ҳоло мо мехоҳем ин шароитро дар ин ҷо фароҳам орем ва онҳоро омӯзонем. Бигзор фарзандони мо нараванд”,- гуфт ӯ.

Мақомоти ин кишвар ҳоло дар бораи санаи ифтитоҳи донишгоҳ гузориш надодаанд.

Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 1 марти соли 2019 дар як мулоқот дар шаҳри Намангон ифтитоҳи донишгоҳи президентӣ дар Тошкандро эълон кард.

Ёдовар мешавем, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ соли 2018 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” ифтитоҳ шуд.

Раҳмон дар Академияи Кембриҷ: ҷавононамонро барои донишгоҳҳои Кембриҷу Оксфорд омода созем

Мактаб барои 500 нафар пешбинӣ шуда, таълим дар он тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад.

 

 

0
Барчаспҳо:
таҳсил, донишгоҳ, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон