Зарфи фахфур аз Emirates Airline

Хуҷанд: ошхонаҳоеро, ки аз зарфи пластикӣ истифода мекунанд, ҷарима мебанданд

81
(Таҷдидшуда 14:55 07.07.2018)
Дар шаҳри Хуҷанд истифодаи зарфҳои пластикӣ дар тарабхонаву қаҳвахонаҳо манъ шуд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Истифодаи зарфҳои пластикӣ дар ошхонаву қаҳвахонаҳои Хуҷанд мамнӯъ шуд, хабар медиҳад  Маркази назорати Давлатии санитарии эпидемиологии шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, истифода аз зарфи пластикӣ барои хӯроки гарм мамнӯъ шудааст.

"Агар дар муассисаҳои хӯроки умумӣ аз зарфҳои пластикӣ истифода намоянд, масъулони ошхонаву қаҳвахонаҳо ҷаримабандӣ мешаванд", — таъкид кардааст манбаъ.

Гуфта мешавад, дар таркиби зарфи пластикӣ моддаи химиявӣ мавҷуд аст, ки ҳангоми истифода метавонад инсонро ба бемории саратон, дулу раг, медаю рӯда, ҷигар ва ғайра гирифтор намояд.

Аммо масъулини Маркази назорати Давлатии санитарии эпидемиологии шаҳри Хуҷанд таъкид намуданд, ки зарфҳои пластикӣ метавонад танҳо дар пешниҳоди ғизои сард истифода шавад.

81
Барчаспҳо:
ошхона, пластикӣ, зарфҳои пластикӣ, истифода, зарф, Хуҷанд, санитарӣ, манъ, Тоҷикистон