Мэр город Худжанд Маъруф Мухаммадзода, архивное фото

Аз таъмири боми хона то кӯмак дар тӯй: муроҷиати 33 сокини Хуҷанд ба Маъруф Муҳаммадзода

127
(Таҷдидшуда 16:24 07.07.2018)
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба шуъбаву идораҳои марбута дастур дод, ки ин иқдомро саривақт дастгирӣ ва барои пеш бурдани он мусоидати фаъол намоянд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маҷлисгоҳи Ҳукумати шаҳр бо ширкати масъулин арзу шикояти сокинони шаҳрро қабул кард. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳр,   33  сокинони шаҳр бо масъалаҳои гуногун ба шаҳрдор муроҷиат намуданд.

"Шаҳрвандон вобаста ба масоили кӯмаки муолиҷавӣ, сохтмон, баҳси замин, ободии маҳал, мусоидат ҷиҳати баргузории тӯйи хонадоршавӣ, таъмин бо ҷойи кор, таъмири боми хона ва ғайраҳоро муроҷиат намуданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати саривақт баррасӣ намудани муроҷиатҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ" дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Дар миёни муроҷиатҳо шаҳрвандоне низ буданд, ки баҳри ободии маҳал ва шаҳр ҳиссагузорӣ намуданиянд. Масалан сокини маҳаллаи "Навбаҳор"-и шаҳр Муъмин Шамсиев иқдом намудааст, ки мавзеъи хонаи 16-уми микроноҳияи 34-умро ободу гулзор намояд ва аз шаҳрдор ҷиҳати мусоидат ба оғози корҳои ободонӣ кӯмак пурсид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба шуъбаву идораҳои марбута дастур дод, ки ин иқдомро саривақт дастгирӣ ва барои пеш бурдани он мусоидати фаъол намоянд.

Бояд қайд намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои чорашанбе ва шанбе рӯзҳои қабул аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст.

127
Барчаспҳо:
қабул, мардум, Маъруф Муҳаммадзода, Тоҷикистон