Кӯли Сарез дар куҳҳои Помир, акс аз бойгонӣ

"Ориёнбонк" дар содироти оби кӯли Сарез мусоидат мекунад

119
(Таҷдидшуда 17:07 10.07.2018)
Ориёнбонк бо ширкати чиние шартнома баст: минбаъд оби шаффофу шафобахши кӯли Сарез ба кишварҳои ҷаҳон фурӯхта мешавад

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Бино ба иттилои ширкати чинии Heaven Springs Dynasty Harvest Group, минбаъд Тоҷикистон оби кӯли Сарезро коркард ва содир мекунад. Дар ин бора "Ориёнбонк" ва ширкати чинӣ шартномаи вижа бастаанд.

Гуфта мешавад, чанде пеш дар Душанбе раиси "Ориёнбонк" Ҳасан Асадуллозода ва раиси ширкати чинӣ Дейто Сри Байма Аёс дар бораи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар содироти оби нӯшакӣ шартнома имзо карданд.

"Ширкати чинии Heaven Springs Dynasty Harvest Group дар Тоҷикистон корхонаи коркарди об бунёд карда, оби кӯли Сарезро ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ карда, ба хориҷа содир мекунад", — таъкид кардааст манбъ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки пештар ҳукумати Тоҷикистон ба шарикони хориҷии худ ба хусус ба кишварҳои арабӣ пешниҳод намуда буд, ки барои содирот намудани оби кӯли Сарез кумак намоянд.

Кӯли Сарез дар паи заминларзае вайронгар дар соли 1911 падид омада буд. Дар паи ин заминдарза кӯҳпорае уфтодаву дараи рӯди Мурғобро баста буд ва кӯле, ки пушти ин садди табиӣ падид омад, чанд русто, аз ҷумла Сарезро ғарқ кард.

Ҳамакнун жарфои ин кӯл 500 метр буда ва пушти сарбандаш 17 килуметри мукааб об банд шудааст. Дарозои ин кӯл камобеш 75 килуметр ва паҳнояш беш аз 3 килуметр аст. дар ин сарбанд беш аз 90 дарсад аз оби рӯди Мурғоб банд шуда ва рӯде, ки аз кӯл сарчашма мегирад, Бартанг ном дорад, ки дар рӯди Панҷ мерезад.

119
Барчаспҳо:
Сарез, содирот, тиҷорат, Осиёи Марказӣ, об, Тоҷикистон