Шоҳзода Карим Оқохони IV, акс аз бойгонӣ

Паёми алмосии Оқохони IV: Аз вазифаи имом то баракати иртибот ва беҳтарин садақа...

2166
(Таҷдидшуда 12:32 11.07.2018)
Оқохони IV таъкид кардааст, ки рисолату салоҳияти имом аз масоили дунявӣ дида, бештар ба масоили руҳоният рабт мегирад ва дар Ислом масоили дунявию руҳонӣ пайванди ҳаманд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Исмоилиёни ҷаҳон имрӯз, 11-уми июл ҷамъбасти ҷашни алмосӣ, ё 60-солагии ба тахти имомат нишастани Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, чиҳилу нӯҳумин пешвои руҳонии худро ҷашн мегиранд. Ҷамоати мусулмонони шиаи исмоилии Тоҷикистон, ки беш аз 200 ҳазор касро дар бар мегирад, ин рӯзро бо барномаҳои фарҳангӣ маърифатӣ, ободкорӣ ва аёдати ниёзмандон таҷлил мекунанд.

Тибқи иттилои Бунёди Оқохон ҷашни алмосӣ, ки аз 11-уми июли соли гузашта оғоз гардида буд, дар шаҳри  Лисабон бо иштироки имоми замони исмоилиён ва даҳҳо ҳазор муридаш ҷамъбаст хоҳад шуд.  

Дар доираи маросими ҷамъбастии ҷашни алмосӣ,  Оқохони IV, 10-уми июл бо ироаи паём ба парлумони  Португалия аз гузашта, ҳозира ва ояндаи ҷамоати исмоилиён ва ҷаҳон суҳбат кард.

Оқохони IV Португалияро беҳтарин ҷой барои ҷамъбасти ҷашни алмосӣ хонда, иттилоъ додааст, ки барои таҷлили 60-солагии имоматаш беш аз 40 ҳазор исмоилӣ дар ин кишвар ҷамъ омадаанд.

Ӯ гуфт, тайи сафарҳои охираш ба нуқоти гуногуни ҷаҳон мушоҳида кардааст, ки бисёре аз кишварҳо дар ҳоли табдил шудан ба “кишвари имкониятҳо” мебошанд ва Португалия аз ҷумлаи онҳост.

Ба бовари Имом табдил ёфтан ба кишвари имкониятҳо осон нест ва барои он давлату мардум бояд пайваста талошу кор кунанд. Кишвари имкониятҳо ба гуфтаи Оқохони IV доштани шароити эҳтиром ба арзишҳои гуногун аст. Инчунин кишвари имкониятҳо дорои сохтори расмиест, ки фазои пешгӯишаванда ва эътимодро муҳайё карда, барои пешрафти созандаю эҷодкорона мусоидат мекунад.

Оқохони IV тасмими мақар гирифтани Имомати исмоилиёнро дар шаҳри Лисабон зикр карда, изҳор доштааст, ки ин шаҳр як нуқтаи пайванд миёни ҷамоати исмоилиёни ҷаҳон хоҳад шуд.

Ба иттилои ӯ имрӯз исмоилиён дар беш аз 25 кишвари дунё, аксаран дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ иқомат доранд, аммо шумораашон дар Аврупо ва Амрикои шимолӣ низ майли афзоиш дорад.  

Оқохони IV иттилоъ додааст, ки Имомати исмоилиён ин ниҳоди байналмилалиест, ки таърихи 15 асрӣ дорад.

Тибқи изҳороташ тайи асрҳо имомони исмоилӣ дар маконҳои гуногун аз Шарқи Миёна то Осиёи Ҷанубӣ ва Африқои Шимолӣ ҷой гирифтаанд. Ӯ зикр кардааст, ки аҷдодонаш шаҳри Қоҳираро бунёд гузоштанд ва имомат дар асри 10 ба ин шаҳр кӯчида буд.  

Оқохони IV таъкид кардааст, ки рисолату салоҳияти имом аз масоили дунявӣ дида, бештар ба масоили руҳонӣ рабт мегирад.  Дар баробари ин дар Ислом дунёи моддию руҳонӣ ба ҳам пайванданд ва ин маънои онро дорад, ки имоми замон ҳамчунин масъули беҳбуди зиндагии исмоилиён ва ҷамъиятҳое мебошад, ки исмоилиён дар он зиндагӣ мекунанд. Ӯ таъкид намудааст, ки маҳз ба ҳамин хотир тайи 60 соли имоматаш баробари масоили руҳоният ба фаъолияти Шабакаи рушди Оқохон таваҷҷуҳи зиёд кардааст.

Роҳбари руҳонии исмоилиён аз рушди технологияю нақлиёт дар ҷаҳони муосир зикр карда, афзудааст, ки ин раванд ҷаҳонро ба ҳам беш аз ҳарвақта наздик намудааст. Ба гуфтаи ӯ ин наздикшавӣ боиси шубҳа, тарс ва сардаргумии бархе шудааст.  Имоми исмоилиён таъкид намудааст, ки баъзан гуногунӣ ҳамчун хатару таҳдид баррасӣ мешавад, дар ҳоле ки гуногунӣ ин имконият барои шинохти беҳтари худу дигарон мебошад.

Роҳбари исмоилиён таъкид намудааст, ки иртиботи наздики одамон дар ҷаҳони муосир имконияти хуб барои ҳамкории созанда, кашфиёт ва рушд мебошад. Ба ақидаи Оқохони IV, вақте ҳамкориҳои созанда сурат мегиранду иртибот бо афроди гуногун роҳандозӣ мешавад, гуногунию фарқиятҳои мардум на ҳамчун зуҳуроти бад, балки баракату неъмат ҷилвагар хоҳанд шуд.

Қаблан низ Оқохони IV мухолифаташ алайҳи бовар дар бораи бархурди тамаддунҳоро баён дошта, таъкид намуд, ки тайи солҳои имоматаш ҳамеша талош доштааст, мардум ва тамаддунҳои гуногун ба ҳам аз дидгоҳи ихтилоф назар накунанд. Ӯ аҳамияти таҳсилро таъкид намуда, афзуда буд, ки илму маориф бояд дар меҳвари ҳаёти инфиродӣ ва ҷамъиятӣ бошанд.

Имоми исмоилиён, ки яке аз эҳсонкорони бузург дар ҷаҳони муосир хонда мешавад, таъкид кардааст, ки садақа дар Ислом бисёр муҳим аст, аммо беҳтарин роҳи хайр ин тавонмандсозии ниёзмандон аст, то қодир шаванд мустақилона шароити зиндагияшонро беҳбуд бахшанду тасмим бигиранд.  

"Ҷашни Алмосӣ" барномаи бузургдошти шастумин солгарди имомати Волоҳазрат Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аст, ки аз 11-уми июли соли 2017 оғоз гардида, як сол идома дошт ва феълан ба марҳилаи ҷамъбастӣ расидааст.

Аълоҳазрат Шоҳ Карим донишомӯхтаи донишкадаи торихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари "Шабакаи тавсеъаи Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони Севум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

2166
Барчаспҳо:
Бунёди Оқохон, Оқохони IV, Оқохон, Оқохони IV, Тоҷикистон
Сценарист и кинорежиссер Искандар Усмонов

Искандар Усмонов дар Теҳрон ҷоиза гирифт

77
(Таҷдидшуда 19:45 28.11.2020)
Коргардон ва драматурги тоҷик Искандар Усмонов дар як Ҷашнвораи байналмилалии филмҳо дар шаҳри Теҳрон соҳиби ҷоиза гардид

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Теҳрон маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиёни Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои "Муқовимат" баргузор гардид, хабар медиҳад рӯзномаи Вечёрка.

Маросими мазкур санаи 23 ноябр баргузор гардид ва як намояндаи Тоҷикистон низ сазовори ҷоиза гашт.

Манбаъ меафзояд, муаллифи сенарияи филми "Дар марз", коргардон ва драматурги тоҷик Искандар Усмонов бо ҷоизаи "Сенарияи беҳтарини филми ҳунарии кутоҳмуддат" мукофотонида шуд.

Филм дар ҳамкорӣ бо коргардони қирғиз Тинчтик Абилқосимов дар "Киргизфилм" ба навор гирифта шудааст.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Қаҳрамонони филми "Дар марз" бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ ҳарф мезананд. Филм дар асоси саргузашти сокини солхӯрдаи як деҳаи Тоҷикистон, ки барои дидорбинии хешовандонаш ба деҳаи Қирғизистон меравад, таҳия шудааст.

Тавре коргардони тоҷик гуфт, филм 10 рӯз дар минтақаи Ботканди Қирғизистон ба навор гирифта шудааст.

Соли гузашта филми "Дар марз" дар озмуни байналмилалӣ дар VII Форуми филми ҷавони кишварҳои ИДМ "Умут" дар бахши "Мубрамияти ғоя" пирӯз шуда буд.

77
Жители Душанбе на улице в масках

Омори фавт, сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

151
(Таҷдидшуда 19:41 28.11.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки давоми чанд ҳафтаи ахир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 36 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  12118 нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, дар як шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11518 (95,0%) нафар баробар гардид.

36 кас мариз шуданду 42 тан шифо ёфтанд: омори коронавирус дар Тоҷикистон

Вазорат таъкид мекунад, ки давоми чанд ҳафта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати маргу мир аз коронавирус сабт нагардида, ҷамъан аз авоили бурузи ин маризӣ 86 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунанд, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

151
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дар Хатлон 941 иншооти тандурустӣ бунёду навсозӣ мешавад

0
(Таҷдидшуда 20:57 28.11.2020)
Дар вилояти Хатлон бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бунёди 941 иншооти тандурустӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар вилояти Хатлон 532 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Манбаъ аз қавли шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, то ҷашни Истиқлол дар вилоят бунёду навсозии 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки наздики 70 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

“Аз ҷумла, 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона дар хизмати аҳолӣ қарор дода шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки айни ҳол сохтмони иншооти калонҳаҷм, аз қабили бинои Маркази перинаталӣ ва Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳа бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбист.

Инчунин, дар деҳот сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ идома дорад.

Нашрия зикр намудааст, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 115 муассисаи сохтори госпиталӣ ва 41 муассисаи амбулаторию госпиталӣ фаъолият менамоянд.

0
Барчаспҳо:
сохтмон, Тоҷикистон