Хайрулло Мирсаидов, акс аз бойгонӣ

Иттиҳоди КВН аз ҳукми Мирсаидов шигифтзада аст: ӯро чун инсони нек мишиносем

78
Ба гуфтаи сухангӯи Иттиҳоди байналмилалии КВН, иттиҳод кӯшиш карда буд, ки додгоҳи Тоҷикистон ҳукми роҳбари пешини мунтахаби КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро сабук кунад

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Иттиҳоди байналмилалии КВН ҳукми додгоҳи Тоикистонро нисбати роҳбари мунтахаби КВН Тоҷикистон Хайркулло Мирсаидов тавзеҳ дод.

"Мо аз хабари ба 12 соли зиндон маҳкум шудани Хайрулло Мирсаидов сахт шигифтзада шудем", — гуфт ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи Иттиҳоди байналмилалии КВН Даря Шпенкова.

Тавре вай таъкид кард, Иттиҳоди КВН ҳуқуқ надорад, ки ҳукми додгоҳро шарҳ диҳад, аммо ҳамкорони Мирсаидов ӯро инсони ростқавлу поквиҷдон арзёбӣ кардаанд.

"Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Мирсаидовро танҳо аз ҷиҳати мусбӣ шинохтаем. Ӯ- роҳбари хуб ва масъул буд. Барои баромадани тими Тоҷикистон ба лигаи телвизионӣ ҳар кореро, ки аз дасташ меомад, мекард. Сахт афсӯс мехӯрем, ки ин моҷаро чунин таассубовар ба фарҷом расид", — афзуд Шпенкова.

"Вай шахси масъул буд ва аз сидқи дил заҳмат мекашид.  Барои боло бардоштани Тоҷикистон дар зинаҳои КВН кори зиёдеро анҷом дод. Шояд ҳоло нақшаҳо ва кӯшишҳои вай бозистодаанд. Умед мебандем, ки нақшаҳои ӯро давом хоҳанд дод. Аз чунин фарҷоми парванда сидқан таассуф мехӯрем", — гуфт вай.

 Сухангӯи иттиҳод афзуд, ки Иттиҳоди байналмилалӣ КВН ҳамаҷониба кӯшиш карда буд, ки додгоҳи Тоҷикистон ҳукми Мирсаидовро сабук кунад.

"Мо мактуб навишта будем ва эълом карда будем, ки танҳо хислатҳои неки Мирсаидовро медонем", — қайд кард вай.

Пештар хабар дода шуд, ки додгоҳи Хуҷанд роҳбари пешини тими мунтахаби КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро муҷрим шинохта, ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Хайрулло Мирсаидов зимистони соли 2017 боздошт шуд. То боздошт, вай мунтахаби КВН Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

78
Барчаспҳо:
боздошт, Хайрулло Мирсаидов, Тоҷикистон