Парчами Русияву Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Намояндагони палатаи савдои Рязани Русия ба Тоҷикистон меоянд

56
(Таҷдидшуда 19:35 12.07.2018)
Ҳайати баландпояи ҳукумати вилояти Рязани Русия барои баррасии ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Русия ба Душанбе сафар мекунад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бино ба иттилои намояндагии Палатаи савдои Русия дар Тоҷикистон, масъулини Палатаи савдои вилояти Рязани Русия барои баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ба Душанбе меоянд.

Ҳайатро В.Е. Артемов, муовини раиси ҳукумати вилояти Рязан роҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ мулоқоти намояндагони палатаи савдои Русия бо ҳамтоёни тоҷикашон аз 17 то 19 июл сурат мегирад. Ба гурӯҳи кории Русия, намояндагони Корпоратсияи рушди Рязан, намояндагони Палатаи савдои Рязан, коллеҷи политехникӣ, инчунин роҳбарони корхоназои гуногун дар соҳаи коркарди тахта, содироти ғалладона, тавлиди орд, маҳсулоти ширӣ ва мошинсозӣ шомил мебошанд.

Тоҷикистонро дар мулоқот бо намояндагони палатаи савдои Рязан ҳукумати шаҳри Душанбе ва вазорату идораҳои дахлдор намояндагӣ хоҳанд кард.

Қарор аст, ки дар интиҳои дидору мулоқотҳо, ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Палатаҳои савдои вилояти Рязан ва Тоҷикистон ба имзо расонда шаванд.  

56
Барчаспҳо:
палата, мулоқот, ҳамкорӣ, тиҷорат, савдо, Русия, Тоҷикистон