Корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Қаллобии донишҷӯ: 46 000 сомонӣ деҳ, падаратро аз зиндон озод мекунам

1 / 2
105
Ҷавони 21-сола, донишҷӯи соли 4-уми донишгоҳ дар қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷавони боздоштшуда дар он айбдор мешавад, ки моҳи апрели соли 2018 бо роҳи фиреб аз зани 55-сола, сокини деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 46 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ба ивази маблағ донишҷӯ ваъда додааст, ки падари ин занро аз маҳбас озод мекунад.

Мақомоти милиса таъкид мекунанд, ки муттаҳам маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсӣ сарф намуда, ба ҷабрдида зарари калони модӣ расонидааст. Ин ниҳод афзуд, ки феълан тафтиши ҳодиса идома дорад.

105
Барчаспҳо:
қаллоб, қаллобӣ, донишҷӯён, Тоҷикистон