Гармӣ, акс аз бойгонӣ

Имрӯз ҳаво дар Суғд 39, Хатлон 40 ва Бадахшон 32 дараҷа гарм мешавад

44
(Таҷдидшуда 10:49 14.07.2018)
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 14 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои софи бебориш пешгӯӣ карда шудааст.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри  бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +23+25 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрноки бебориш шуда, ҳарорат шабона +14+ 16 ва рӯзона +30 +32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +23 +25 ва рӯзона +38 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат шабона 19+21 ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.

Инчунин дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш пешгӯӣ  шудааст. Дар пойтахти мамлакат шабона +19+21 ва рӯзона +38+40 дараҷа гарм мешавад.

Ёдрас менамоем, ки аз 14 то 17 июл дар тамоми ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм  боқӣ мемонад.

 

44
Барчаспҳо:
гармӣ, Ожонси ҳавошиносӣ, Тоҷикистон