Дарёи Вахш, акс аз бойгонӣ

Наҷоти ҷавони 19-солае, ки худро ба Сирдарё андохт

115
(Таҷдидшуда 10:39 16.07.2018)
Наҷотдиҳандагон аз Сирдарё нафареро наҷот доданд, ки мехост худкушӣ кунад

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз Сирдарё сокини шаҳри Панҷакентро наҷот додан, ки мехост худкушӣ кунад.

Дар ин бора иттилоъ додааст хадамоти матбуоти кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 15 июли соли ҷори тақрибан соати 19:05 рух дод.

"Сокини 19 солаи Панҷакент аз болои пул худро ба Сирдарё андохтааст. Вай мехост худкушӣ кунад, аммо наҷотдиҳандагон саривақт огоҳ шуда, ҷавонро аз дарё берун оварданд", таъкъкид кардааст манбаъ.

Ба ҷавони 19-сола кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуд ва сипас вай ба мақомоти дахлдор барои муайян намудани сабабҳои қасди худкушӣ супорида шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки кормандонаш шабу рӯз вазъро дар ҳавзҳо ва дарёҳои Тоҷикистон назорат доранд. Наҷотдиҳандагон то ҳадди имкон омода ҳастанд фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шаванд.

115
Барчаспҳо:
кумита, худкушӣ, Панҷакент, ҷавон, дарё, наҷотдиҳанда, Тоҷикистон
На фабрике по производству тканей, архивное фото

Дар Тоҷикистон давоми сол беш аз 20 корхонаи ватанӣ ба кор шурӯъ кард

9
(Таҷдидшуда 10:18 29.10.2020)
Тибқи нақшаи саноатикунонии барвақтӣ дар Тоҷикистон, сарфи назар аз пандемия, зиёда аз бист корхонаи саноати сабук бо ҷойҳои нави корӣ бомуваффақият ба кор шурӯъ карданд

ДУШАНБЕ, 29 окт - Sputnik. Давоми соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 26 корхона ва коргоҳҳои нави соҳаи саноати сабук ба кор шурӯъ карданд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар.

Ба иттилои манбаъ, дар нӯҳ моҳи соли 2020, ба туфайли ифтитоҳи ин адад корхонаҳо, зиёда аз 490 нафар бо кор таъмин карда шуданд.

Манбаъ мегӯяд, қариб ҳамаи онҳо ба коркарди пахта, дӯхтани либосҳои гуногун, ҷӯробҳо, халтаҳои полипропиленӣ ва кӯрпаҳои пахта ихтисос додашудаанд.

Ҳамзамон корхонаҳои истеҳсоли пойафзол ва мебел низ мавҷуданд.

Тибқи маълумоти вазорат, соли ҷорӣ дар мамлакат корхонаҳои саноатии “Ваҳдат Текстайл” бо иқтидори солонаи истеҳсоли 19,2 миллион ҷуфт ҷӯробҳои гуногун, ҶДММ “Тоҷтекс” бо иқтидори 20 ҳазор дона маҳсулоти дӯзандагӣ дар як шабонарӯз дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз карданд.

Дар Данғара марҳилаи дуюми ҶДММ "Фарм Текс" барои истеҳсоли докаи тиббӣ ба истифода дода шуд. Дар Хуҷанд дар заминаи "Сано" ва "Нассоҷи Хуҷанд" коргоҳҳои дӯзандагӣ боз шуданд.

Чунин корхонаҳои саноати сабук дар шаҳри Хоруғ, Ҳисор, ноҳияи Шаҳринавский низ пайдо шуданд.

Дар Тоҷикистон 83 корхонаи нав ифтитоҳ ёфту 124 корхона аз фаъолият бозмонд

Хабар дода мешавад, ки дар 9 моҳи соли равон барои васеъ кардани иқтидори истеҳсолӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулот дар корхонаҳои саноати сабук ба маблағи 85 миллион сомонӣ (8,2 миллион доллар) барои қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва дӯзандагӣ таҷҳизот насб карда шудааст.

9
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

35
(Таҷдидшуда 00:51 29.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 26 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1308 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад то 0.1370 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3398 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1286 то 12.5000  сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1385 то 0,1410 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.134 то 0.141 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,133 то 0,141 сомонӣ нишон дода шудааст.

Интизори беқурбшавӣ: дар тирамоҳ бо доллар чӣ рӯй хоҳад дод

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

 

 

35
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон