Смартфон iPhone X, акс аз бойгонӣ

Қарори нав: Манъи телефону планшетфурӯшӣ бе иҷозати Хадамоти алоқа

2677
Қарор дар ин бора аллакай содир шудааст ва ба наздикӣ амалӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Фурӯши телефонҳои мобилӣ ва пленшет дар Тоҷикистон бо иҷозатномаҳои махсус роҳандозӣ хоҳад шуд.

Илҳомҷон Атоев, муовини сардори  Хадамоти алоқа, имрӯз, 16-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт,  дар назар аст минбаъд фурӯши телефонҳои мобилӣ ва планшет бо иҷозатномаи Хадамоти алоқа роҳандозӣ гардад.

Ӯ таъкид намуд, ки дар ин бора аллакай қарор содир шудааст ва ба наздикӣ амалӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи Атоев ҳадаф аз ин қарор пешгирии воридоту фурӯши ғайриқонунии дастгоҳҳо мебошад. Масъулини Хадамоти алоқа мегӯянд, ин ниҳод ба ивази маблағ дастгоҳҳои алоқаи мобилиро месанҷад ва сертификати мутобиқат медиҳад.

Ин вазифаи нави Хадамоти алоқа дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ниҳоди махсуси алоҳида - "Тоҷикстандарт" ба санҷиши мутобиқати молу маҳсулот ба меъёрҳо ва додани сертификат мешғул мебошад. 

Атоев ахиран изҳор дошта буд, ки ширкатҳои мобилӣ бояд IMEI- нишондоди байналмилалии дастгоҳҳои алоқаро, ки арқоми зиёдро фаро мегирад, сабт намоянд.  Ӯ шарҳ дода буд, ки ин иқдом барои ҷилавгирӣ аз дуздии дастгоҳҳои алоқа ва пешгирии воридотии ғайриқонунии онҳо мусоидат мекунад.

2677
Барчаспҳо:
фурӯшгоҳ, фурӯш, планшет, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон (41)

Пизишки олмонӣ барои табобати беморони коронавирус ба Тоҷикистон омад

37
(Таҷдидшуда 10:28 22.10.2020)
Иммануэл Лейфер иброз намуд, ки пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар ташхиси бемории COVID-19 кумак мерасонад

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озмоишгоҳи миллии референсии мамлакат мутахассиси лоиҳаи "Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ" Иммануэл Лейфер ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ омад.

Тавре  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  хабар медиҳад, мақсад аз ташрифи мутахассиси немис ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо мутахассисони озмоишгоҳҳои мамлакат, хусусан мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар самти ташхис ва табобати гирифторони бемории COVID-19 мебошад.

Иммануэл Лейфер иброз намуд, ки пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар ташхиси бемории COVID-19 кумак мерасонад.

Фавт нест, аммо 41 нафар тоза мубтало шуданд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Ҳамчунин мутахассиси лоиҳаи "Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ" Иммануэл Лейфер  бо худ 3 ҳазор тести ташхисӣ барои омӯзиш оварда, онро  дастраси Озмоишгоҳи миллии референсӣ гардонид.

Бояд гуфт, ки давраи омӯзишии мутахассиси лоиҳаи «Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ» Иммануэл Лейфер бо мутахассисони  Озмоишгоҳи миллии референсӣ то 2 ноябр идома меёбад.

37
Душанбе встретил Навруз концертами и салютом под дождем

Борон, вале гарм: имрӯз дар Тоҷикистон то 25 дараҷа гарм мешавад

13
(Таҷдидшуда 10:41 22.10.2020)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.

Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 1+6 ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва  дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои куҳӣ ҳаво шабона  0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 20+25  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйиёбандаи бебориш дар назар аст. Танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм  ва рӯзона 16+21 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои  камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6 ва  рӯзона 21+23 дараҷа  гарм мешавад.

13