Умеди оила ба озодии Мирсаидов: Маблағро додем

© SputnikХайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оилаи Хайрулло Мирсаидов мегӯяд, пардохти маблағ маънои эътирофи гуноҳро надорад

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Оилаи Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори маҳкумшуда ба 12 соли зиндон, 124 ҳазор сомониро ба фоидаи давлат пардохт кардааст.

Тибқи изҳороти оила ва ҷониби ҳимояи Мирсаидов,  ин маблағ 12-уми июл ба сифати ҷуброни зиёне, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ муайян карда шудааст, ба давлат пардохт гардид.

“Ин маънои онро надорад, ки Хайрулло Мирсаидов, оилаи ӯ ва ҷониби ҳимоя айберо, ки ба Мирсаидов пешниҳод шудааст, эътироф менамоянд. Оилаи ӯ ба хулосае омад, ки дар шароити ҷорӣ маблағи зиён нисбат ба арзиши озодии писарашон қобили муқоиса нест ва чунин иқдомро пеш гирифтанд. Умедворем Хайрулло Мирсаидов дар рӯзҳои наздик ба озодӣ хоҳад баромад”, - омадааст дар баёнияи ҷониби ҳимояи рӯзноманигори тоҷик.

Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додситонӣ: ҳукми Хайрулло Мирсаидов ба фаъолияти сиёсӣ ё рӯзноманигориаш рабте надорад

Пардохти маблағ дар ҳолест, ки қаблан додраси додгоҳи Хуҷанд гуфт, дар сурати пардохти ҷуброни зиён эҳтимол дошт, ки Мирсаидов озод шавад.

Ахиран Арлем Дезир, масъули Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии баён аз ҳукми сангини Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори маъруфи тоҷик изҳори нигаронӣ карда, аз давлати Тоҷикистон озодии ӯро дархост карда буд.

“Аз ҳукми вазнин ва номуносиби рӯзноманигор сахт нигаронам. Махсусан бо назардошти он, ки ҳукми 12 соли зиндон барои исрофи 124 ҳазор сомонӣ содир шудааст”,-изҳор доштааст Дезир.

Додгоҳ Хайрулло Мирсаидовро дар шоҳидии бардурӯғ, сохтакорӣ ва исрофи 124 ҳазор сомонӣ гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Мирсаидов баробари рӯзноманигорӣ, роҳбарии дастаи зарифони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ моҳи декабри соли 2017 баъди шикояташ аз фасодкории раиси раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон дар вилояти Суғд боздошт гардид.

Лентаи хабарҳо
0