Бинои Бонки ҷаҳонӣ, акс аз бойгонӣ

Қарзи берунаи Тоҷикистон 9 дар сад афзоиш ёфтааст

113
(Таҷдидшуда 17:17 16.07.2018)
Қарзи берунаи Тоҷикистон аз соли 2016 то соли 2017 9 дар сад афзоиш ёфтааст. Коршиносон бар онанд, ки ба афзоиши қарзи берунаи Тоҷикистон баровардани қоғазҳои қиматнок, ҷалби қарз аз Чин ва беқурбшавии сомонӣ таъсир расондааст

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Қарзи берунаи Тоҷикистон нисбат ба ММД аз соли 2016 то 2017 ба 9 дар сад афзоиш ёфтааст, таъкид шудааст дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ.

Тибқи маълумоти ташкилоти қарзӣ ба ин раванд баровардани евробондҳо ба маблағи 500 миллион доллар дар моҳи сентябри соли 2017, ҷалби қарз аз Чин ва беқурбшавии сомонӣ таъсир гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон тасмим дорад дар соли ҷорӣ боз як баста евробондҳоро ба бозорҳои ҷаҳонӣ барорад.

Муаллифони гузориш бар онанд, ки маблағгузории коғазҳои қиматноки давлатӣ яке аз сабабҳои афзоиши қарзи дохилӣ шудааст, ки дар ахири соли 2017 ба 11 дар сади ММД баробар шуда буд.

"Дар натиҷа хавфи ноустувории Тоҷикистон нисбат ба қарзи беруна зиёд шудааст. Қарзҳои мавҷуда имкониятҳои сиёсати фискалириро маҳдудтар месозанд. Беш аз 40 дар сади ҳаҷми пардохти қарз ба 5 соли ахир рост меояд", — таъкид кардаанд таҳлилгарон.

Тибқи дурнамои қаблии Бонки ҷаҳонӣ рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2018 коҳиш меёбад. Коршиносони ташкилоти қарзӣ таъкид карданд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 6,1 дар садро ташкил дода, дар солҳои 2019-2020 то 6 дар сад коҳиш меёбад.

 

113
Барчаспҳо:
хазинаи байналмилалии пул, Бонки ҷаҳонӣ, молия, Тоҷикистон, қарзи хориҷӣ, қарз, афзоиши қарзҳои хориҷӣ, иқтисод, Тоҷикистон