Как душанбинцы спасаются от жары у фонтанов

Ҳушдори обуҳавошиносон: ҳавои гарм то 20 июл идома меёбад

42
(Таҷдидшуда 10:36 17.07.2018)
Ба иттилои обуҳавошиносони тоҷик, ҳавои гарм дар Тоҷикистон то 20 июл боқӣ мемонад. Ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон эҳтимол то 45, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд то 44, шаҳри Душанбе 43, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 37 дараҷа гарм шавад. Дар ин гуна вазъи обу ҳаво ба сокинони кишвар тавсия дода мешавад, ки дар зери нурҳои офтоб зиёд нагарданд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бино ба иттилои ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар вилояти Суғд ҳаво камабри  бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона +14+ 19 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +40 + 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 19+24 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор шуда, шабона +20+22 ва рӯзона +41+43 дараҷа гарм мешавад.

42
Барчаспҳо:
гармо, гармӣ, обу ҳаво, ВМКБ, Душанбе
Молния в небе

Фавти ноболиғи 16 - сола аз оташак дар Панҷакент: подабонӣ рафт

21
(Таҷдидшуда 14:21 15.07.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз рух додани офати табиӣ дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки ҷони ноболиғи 16 - соларо рабуд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Оташак дар вилояти Суғд ҷони як кудаки 16 - соларо гирифт, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш дар ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент рух дод. Навраси 16 - сола ба хотири нигоҳубини чорва ба айлоқ рафт ва дар соати муайяншуда ба хона барнагашт.

Раъду барқ ва борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дер омадани ӯ боиси нигаронии волидонаш шуда, онҳо ба хотири пайдо кардани фарзанди худ ба кормандони наҷот муроҷиат карданд.

Манбаъ меафзояд, наҷотбахшон бо гузашти як шабонарӯз ҷисми беҷони ноболиғро пайдо карданд ва мақомоти дахлдор таслим намуданд.

Муайян карда шуд, ки ноболиғ бар  асари оташак ҷон аз даст додааст.

21
Барчаспҳо:
ҳалокат, ноболиғ, раъду барқ, Панҷакент
Нефть

Саридораи геологияи гуфт, дар Тоҷикистон чи қадар кони нафту газ аст

42
Саридораи геологияи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи конҳои нафту гази кишварро номбар кард

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон 24 кони нафту газ мавҷуд аст, гуфт сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати кишвар Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Ба гуфтаи Оймуҳаммадзода, то имрӯз бо 17 ширкат шартномаҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ баста шудаанд.

Вай қайд кард, ки пас аз ҳамоҳангсозӣ бо вазорату идораҳо Саридораи геологияи Тоҷикистон чаҳор лоиҳаро барои баррасӣ ба ҳукумат барои ҳуқуқи гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ пешниҳод кард.

Оймухаммадзода илова намуд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2020 Саридораи геология дар доираи 22 лоиҳа таҳқиқотщои зериразминӣ гузаронидааст.

Корҳо оид ба ҷустуҷӯи конҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо ва нодир, сангҳои нимқиматбаҳо ва ороишӣ анҷом дода шуданд.

42
Грузовик, архивное фото

Бидуни шарҳ: марзи Туркманистон барои мошинҳои Тоҷикистон ҳанӯз баста аст

0
(Таҷдидшуда 14:38 15.07.2020)
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, марзи Туркманистон ҳанӯз баста буда, воридоту содирот ба кишвар аз роҳҳои алтернативӣ сурат мегиранд

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Худоёрзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Вазорати нақлиёти Туркманистон ба мақомоти тоҷик сабаби марзбандиро шарҳ надодааст.

Ӯ афзуд, феълан ҳамлу нақли бор ба Тоҷикистон тариқи роҳҳои алтернативӣ, ки аз қаламрави Гурҷистону  Озарбойҷон ва дигар кишварҳо мегузаранд, амалӣ мегардад. Ба гуфтаи вазир, ин роҳ дарозтар аст, вале ҷумҳуриҳои номбаршуда барои мошинҳои самти Тоҷикистон бархе имтиёзҳоро пешниҳод кардаанд.

Масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, Туркманистон феълан ҳамаи гузаргоҳҳои худро на танҳо ба Тоҷикистон балки барои ҳамаи кишварҳо бастааст.

Мушкили мошинҳои самти Тоҷикистон дар марзи Туркманистон аз соли 2018 оғоз гардида, аз аввали соли 2019 тамоман баста шуд.

Моҳи августи соли 2018  ронандаҳои тоҷик дар марзи Эрон бо Туркманистон дармонда буданд. Дертар дар мактуби расмӣ Ашқобод дармондани мошинҳои самти Тоҷикистонро ба далоили амниятӣ рабт дод, аммо тафисолотро ироа накард.

0
Барчаспҳо:
марз, Туркманистон, Тоҷикистон