Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Ректори донишгоҳи миллӣ: бо Узбакистон 7 созишнома бастем

137
(Таҷдидшуда 17:55 17.07.2018)
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон равобити хориҷии худро бо кишварҳои хориҷи дур ва наздик густариш додааст. Донишгоҳ ба хусус бо муассисаҳои таълимии олии Узбакистон 7 шартномаи ҳамкорӣ бастааст

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо беш аз 7 донишгоҳу донишкадаҳои Узбакистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расондааст, хабар додааст, Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи вай Донишгоҳи миллӣ аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Узбакистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Фарғона, Донишгоҳи давлатии Андиҷон созишномаҳои ҳамкорӣ имзо кардааст.

Инчунин вай таъкид намудааст, ки Донишгоҳи миллӣ барои густариши равобити байналмилалӣ тадбирҳои ҷиддӣ меандешад.

"Дар шашмоҳаи аввали соли равон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 19 муассисаи таълимӣ ва маркази илмии хориҷи кишвар бо бастани созишномаву тафоҳумномаҳо муносиботи ҳамкорӣ барқарор намуд" — афзуд Имомзода.

Дар ҳоли ҳозир Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон бо 231 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартномаву қарордодҳои ҳамкорӣ доштааст.

Дар ҳамин ҳол дар донишгоҳ 182 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси бакалавр, магистр, аспирант ва докторант таҳсил мекунанд. 

137
Барчаспҳо:
Узбакистон, созишнома, шартнома, омӯзиш, ҳамкорӣ, Тоҷикистон