Зажжение газовой конфорки, архивное фото

Дар 12 ширкати Тоҷикистон гази Узбакистон корбурд мешавад

40
(Таҷдидшуда 21:26 17.07.2018)
Шоимзода гуфт, ки дар дувумин семоҳаи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Узбакистон 3,5 миллион метр мукаъаб гоз ворид кард.

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. 12 ширкати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз гози табиъии Узбакистон истифода мебаранд.

Дар ин бора Шавкат Шоимзода, нахустмуъовини раиси ширкати давлатии "Тоҷиктрансгаз" дирӯз дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт.
Ба гуфтаи вай, чанд ширкати дигари кишвар барои корбурди гози Узбакистон ъарза кардаанд.

Шоимзода гуфт, ки дар дувумин семоҳаи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Узбакистон 3,5 миллион метр мукаъаб гоз ворид кард.
Вай афзуд, "Дар 15 рӯзи моҳи июл воридоти гози табиъӣ аз кишвари ҳамсоя шадидан афзойиш ёфт. Дар ин муддат 1 миллион метр мукаъаб гоз ворид шуд. Афзойиши ҳаҷми воридоти гоз вобаста ба шумори муштариён аст".

Гуфта мешавад, ки масрафкунандаи аслии гози воридотӣ ширкати "ТАЛКО" мебошад. Дар ҳоли ҳозир умури одомагӣ барои таъмини нерӯгоҳи ҳароратии Душанбе бо гози табиъӣ дар мавсими гармдиҳӣ идома дорад.

Шоимзода таъкид кард, ки Тоҷикистон имсол дар садади вориди 151 миллион метр мукаъаб гози табиъӣ аз Узбакистон аст. Дар сурати пайдо шудани хосторони нави истифодаи гоз воридоти ин маводди сӯхт афзойиш хоҳад ёфт.

40
Барчаспҳо:
газ, Узбакистон, Тоҷикистон