Бинои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Ҳайатҳои Фаластину Арабистони Саудӣ ва Қатар ба Душанбе меоянд

84
(Таҷдидшуда 13:36 18.07.2018)
Ҳайатҳои Фаластину Арабистони Саудӣ ва Қатар ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Фаластин Риёз ал-Моликӣ рӯзҳои 25-27 июл аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар медиҳад  Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни дидору мулоқотҳои Риёд ал-Моликӣ бо масъулини тоҷик масоили таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол қарор аст, имрӯз, 18 июл ҳайати Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи шоҳи Арабистони Саудӣ вориди Тоҷикистон шавад.

"Қарор аст, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар бахши умури башардӯстона ва ҳамкории дуҷониба дар масъалаҳои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, сохтмони мактабу бемористонҳо дар Тоҷикистонро баррасӣ кунанд", — менависад ВУХ ҶТ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз 24 то 29 июл сафари ҳайати Қатар таҳти роҳбарии мудири кулли Кумитаи танзими кӯмакҳои хайриявӣ Иброҳим Абдуллоҳ ал-Дуҳаймӣ ба Тоҷикистон дар назар аст.

"Зимни мулоқот масоили рушди ҳамкории мутақобилан судманди иҷтимоӣ баррасӣ хоҳад шуд", —афзудааст манбаъ.

84
Барчаспҳо:
фаластин, Арабистони Саудӣ, вазорати умури хориҷа, Қатар, мулоқот, дидор, Тоҷикистон