Эмомалӣ Рахмон, акс аз бойгонӣ

Раҳмон биноҳои аз 5-ошёна поинро дар марказҳо мамнуъ кард

2178
Президенти Тоҷикистон бунёди биноҳои истиқоматии аз 5-ошёна поинро дар марказҳои маъмурии навоҳӣ ва шаҳрҳои кишвар мамнуъ кард

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як қарор мақомоти тоҷикро муваззаф кардааст, ки биноҳои истиқоматиро дар кӯчаҳои асосии марказҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишвар аз 5-ошёнӣ поинтар насозанд.

Тибқи қарори имзокардаи раисиҷумҳур аз 21-уми июни соли 2018, ки нусхаи он дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, ин дастур ба далели камбуди замин ва барои истифодаи самараноки он содир гардидааст.

Раисиҷумҳур мақомоти ВМКБ, вилоятҳо ва навоҳии кишварро муваззаф намудааст, ки масъулини бахши меъморӣ нақшаи муфассалро таҳия намуда, дар амал татбиқ намоянд.

Дар қарори ҳукумат таъкид шудааст, ки ҳадаф истифодаи самараноки замин ва ҷилавгирӣ аз коҳиши заминҳои кишт мебошад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои мақомоти маҳаллӣ ҷудо намудани заминҳои киштро барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ мамнуъ кардааст. Истисно танҳо иншооти стратегӣ ва истеҳсолӣ мебошанд.

Дастури мазкур дар пасманзари афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани ниёзмандӣ дар кишвар ба манзили истиқоматӣ содир гардидааст.

2178
Барчаспҳо:
хона, сохтмони бино, Тоҷикистон