Айби масолеҳи сохтмон: дар Душанбе далели болоравии нархи манзилро эълом карданд

© © Sputnik / Амир ИсаевСтроительство новых домов в Душанбе, архивное фото
Строительство новых домов в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душнабе болоравии нархи хонаҳои истиқоматӣ ба назар мерасад. Нархи як метри квадратӣ дар хонаҳои баландошёна ба ҳисоби миёна 626 долларо ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Моҳҳои ахир дар Душнабе  болоравии нархи манзил ба назар мерасад. Дар ин бора Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ хабар додааст.

Имрӯз нархи як метри квадратии хонаи истиқоматӣ дар биноҳои баландошёнаи шаҳр 626 долларро ташкил медиҳад. Нарх дар Ширкати "Манзил дастрас"  арзонтар аст - як метри квадратӣ то 350 доллар арзёбӣ мешавад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон биноҳои аз 5-ошёна поинро дар марказҳо мамнуъ кард

Ҳамчунин, Аҳмадзода ёдрас шуд, ки дар аввали сол арзиши миёнаи як метри квадратӣдар биноҳои баландошёна аз 350 то 600 долларро ташкил медод.

"Сабаби болоравии нархи хона ба гарон шудани нархи маҳсулоти сохтмонӣ, ки аз дигар кишварҳо ворид мешавад, вобаста аст", - тавзеҳ додааст раиси кумита.

"Барои мисол арзиши арматура, ки аз Русия ворид мешавад дар солҳои ахир ба 2 ҳазору 150 сомонӣ боло рафтааст. Ин ҳама ба нархи ниҳоии манзил таъсир мерасонад”,- афзудааст вай.

Лозим ба ёдоварист, ки дар моҳи июли соли гузашта Аҳмадзода хабар дода буд, ки арзиши манзилҳо дар Тоҷикистон ба таври назаррас поин омадаанд.

Он замон арзиши як метри квадратии хонаи истиқоматӣ дар Тоҷикистон аз 350 то 500 долларро ташкил медод. Ин дар ҳолест, ки дар Узбакистон як метри квадратӣ аз 533 то 800 доллар ва дар Қирғизистон аз 650 то 800 долар аст.  

Лентаи хабарҳо
0