Гулов Диловар

Авбошӣ бо силоҳ: Ҳабсу эълони айб алайҳи Диловар Гулов ва шарикони варзишкораш

323
(Таҷдидшуда 13:20 20.07.2018)
Диловар Гулов ва шарикони варзишкораш дар авбошӣ бо силоҳ муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Додситонии шаҳри Душанбе алайҳи Диловар Гулов, писари 26-солаи Шералӣ Гул, собиқ вазири саноати Тоҷикистон бо итиҳоми авбошӣ бо силоҳ ё ашёе, ки ба сифати силоҳ истифода шудааст, айб эълон кардааст.

Тавре расонаҳои Тоҷикистон аз қавли додситонии Душанбе иттилоъ додаанд, парванда бар асоси моддаи 237 оғоз гардида ва дар доираи ин қазия 4 шарики дигари Гулов, аз ҷумла ду варзишкор ба ҳабс гирифта шудаанд.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки боздошти писари собиқ вазири энергетика ва саноат, шоми 8-уми июл дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе сурат гирифт. Писари Шералӣ Гул бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда ва ӯро латукӯб кардааст. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст.

323
Барчаспҳо:
боздошт, авбошӣ, ҷиноят, Тоҷикистон
Торгово-экономическая ярмарка-выставка СУГД 2017

Мусодираи 27 тон гӯшти пастсифат дар Суғд: се соҳибкор барои ҳасиббарорӣ нигоҳ медоштанд

171
(Таҷдидшуда 12:47 14.08.2020)
Дар як сардхона ё амбори нигаҳдории маҳсулот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27 тон гӯшти мурғи пастсифат ошкор карда шудааст, ки бо мақсади истифода дар сехҳои ҳасиббарорӣ нигаҳдорӣ мешуд

ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Бино ба иттилои Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд, ин миқдор бори бесифат ба се соҳибкори сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, бо мақсади коркард дар коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб бе риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ нигаҳдорӣ мешуд.

"Дар доираи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зимни санҷиши сардхона дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Б. Ғафуров, нигаҳдорӣ шудани 27 тон гӯшти мурғи пастсифат ва бидуни борпечи кафолатдиҳандаи бехатарӣ, ки истеъмолкунанда тавонад оиди сифатнокиии маҳсулот маълумот гирад дарёфт карда шудааст", - гуфт Шарифӣ.

Маҳсулоти гӯштии дарёфтшуда барои муайян кардани сифат ва кафолатнокии бехатарӣ ба мақомоти давлатии назораткунанда Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази стандартизатсия метрология сертификатсия ва нозироти савдо ва ба Маркази ташхиси озуқаворӣ дар вилояти Суғд пешниҳод шудааст, ки дар вақти ташхис мутахассисони ҳар се мақомот маҳсулоти гӯштиро барои истеъмол номутобиқ арзёбӣ кардаанд.

Соҳибкор мехост ба Тоҷикистон 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат ворид намояд

Чанде қабл телевизиони Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз боздошти ду сокини ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров Пӯлотов Азизҷон Ҳасанҷоничи 19 - сола ва Тоҷибоев Абдухолиқ Абдуғаффоровичи 33 - сола, сокинони ҷамоати деҳоти Ғозиёни аз сӯи кормандони Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дода буд, ки барои ба даст овардани даромади муфт ба фурӯши беш аз 2 тон гӯшти кирмкардашудаи чорво машғул шудаанд.

171
Барчаспҳо:
пастсифат, гӯшт, мусодира, Суғд

Мӯъминободу Обигармро заминларзаи 5 - балла такон дод

77
Дар наздикии навоҳии Мӯъминобод ва Обигарм заминларзаи 5 - балла рух дода буд, ки дар пай талафоти ҷонӣ надошт

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бегоҳи рӯзи 13 - уми август, тахминан соати 18:07 дақиқа  дар Тоҷикистон заминҷунбии 5 - балла рух дод, хабар медиҳад Хадамоти ягонаи геофизикии Академияи илмҳои Русия.

Ба иттилои манбаъ, ларзиши замин дар 102 километрии дуртар аз шаҳри Душанбе эҳсос мешуд.

Гуфта мешавад, макони заминҷунбӣ 43 километр аз Мӯъминобод ва 33 километр аз Обигарм ҷойгир буд.

Дар Тоҷикистон боз замин ҷунбид

Феълан, маълумот дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ рӯи даст нест.

Ёдовар мешавем, заминҷунбии қаблӣ бо шиддати 4,9 балл 5 август дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон рух дода буд.

77
(0:00 / .00Mb / просмотров видео: 6)

Дар бораи касбу нақшаҳои оянда: нишасти хабарии Ҳабиб Нурмуҳаммадов - пахши мустақим

0
(Таҷдидшуда 13:36 14.08.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC дар вазни сабук оиди нақшаҳои ояндаи худ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав изҳор дошт

Дар шаҳри Маскав бо иштироки Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов нишасти хабарӣ ҷараён дорад.

Размикори маваффақ тасмим гирифт ба хабарнигорон дар мавриди кас ва нақшаҳои ояндаи худ ибрози назар кунад.

Қобили зикр аст, ки дар ояндаи наздик муҳорибаи ӯ бо Ҷастин Гэйтжи баргузор мегардад. Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар фаъолияти касбии худ 28 муҳориба баргузор кардаст ва то ҳол боре ҳам мағлуб нашудааст.

0