Продажа яиц на рынке Мехргон

“Тоҷикстандарт”: хабари манъи воридоти тухми мурғ ва маҳсулоти қаннодӣ овоза мебошад

145
(Таҷдидшуда 14:18 30.01.2020)
Ожонсии «Тоҷикстандарт» маълумот дар бораи гӯё манъ шудани воридоти тухми мурғ ва шириноҳо аз Узбекистон ба Тоҷикистонро рад кард. 1-2 кило қанду шириние, ки аз Узбакистон ба Тоҷикистон ворид мешавад аз санҷиш гузаронида намешавад

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Тоҷикистон воридоти тухми мурғ ва маҳсулоти қаннодиро аз Узбакистон манъ накардааст, гуфт Қудрат Давлатзода раиси Ожонсии "Тоҷикстнадарт" зимни нишасти матбуотӣ.

Вай гуфт, манъи воридоти тухм ва маҳсулоти қанодӣ ба Тоҷикистон асос надорад.

"Ин хабарҳо ҳамааш овоза ҳаст, мо 1-2 кило маҳсулоти қаннодиро, ки шаҳрвандон аз кишвари ҳамсоя бо худ меоранд аз санҷиш намегузаронем ва вориди онро манъ накардаем. Ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад. Тоҷикистон сертификати маҳсулотро танҳо дар доираи шартномаи воридотӣ медиҳад. Ин масаларо мо бо ҳамтоёни узбаки худ баррасӣ карда будем", — таъкид кард Давлатзода.

Вай инчунин таъкид кард, ки дар нимсолаи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 1,1 млн. кило маҳсулоти ғизоӣ, ки мутобиқи стандарт ҷавобгӯ нест, ошкор шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан баъзе аз расонаҳои хабарӣ, иттилоъ дода буданд, ки Тоҷикистон воридоти тухми мурғ ба мӯҳлати номуайян, манъ кардааст. чораи мазкур гӯё ба сабаби шикоятҳо сурат мардум гирифтааст. Гӯё мардум шикоят карданд, ки сифати маҳсулоти воридоти аз кишварҳои ҳамсоя паст мебошад.

 

145
Барчаспҳо:
сертификат, стандарт, Узбакистон, сарҳад, тухми мурғ, воридот, Тоҷикистон
День 3 июня

Ҷашнҳои рӯзи 3 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 00:42 03.06.2020)
Рӯзи сеюми июн дар Намибия Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар Черногория иди миллӣ - Рӯзи эълон намудани Истиқлолият ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 3 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1927 дар Юнон Конститутсияи нав қабул карда шуд.

Соли 1959 Сингапур Конститутсияи худро қабул намуд ва ҷумҳурии худидоракун гардид.

Соли 1992 дар Русияя Шӯрои амният таъсис дода шуд.

Соли 1961 дар пойтахти Австрия- шаҳри Вена аввалин мулоқоти баъдиҳарбии роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

Рӯзи 3 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1956 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд канали Дилварзин ба истифода дода шуд.

День 2 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 17-уми Шӯрои  ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози ҷумҳуриҳои узви  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 25-уми Шӯрои  роҳбарони мақомоти андози кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  баргузор гардид.

Соли 2012  раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз шаҳри Шанхай ба кони металлҳои рангаи ширкати Зи Ҷин, ки дар қуллаи "Кӯҳи тиллоӣ"-и шаҳри Лунян қарор дорад, ташриф оварданд. 

Ҷашнҳои рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла, масоили вобаста ба ифтитоҳи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж, инчунин вазъи феълии сохтмони манораи назоратию диспетчерӣ ва терминали нави "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон ва таҳкими равобити Душанбе ва Тифлис дар оянда баррасӣ гардид.

Соли 2017 Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ маҷмӯаи тавсияҳои хӯроки нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистонро дар ҷаҳон беҳтарин эътироф кард.

Ҷашнҳои рӯзи 3 июн

  • Дар Намибия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.
  • Дар Черногория иди миллӣ — Рӯзи эълон намудани Истиқлолият.
0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Человек в защитной маске в городе Душанбе

Эълони нави Вазорат: рӯзҳои охир касе нафавтид, 54% гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд

1060
(Таҷдидшуда 19:21 02.06.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикситон эълон кард, ки то соати 17:00 дақиқаи 2 июн дар ҷумҳурӣ 4100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2217 нафар ё 54% шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, то соати 17:00 дақиқаи 2 июн дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд. Теъдоди фавтидагон тайи рӯзҳои охир бетағйир аст. 

Бино ба иттилои манбаъ, то 2 июн дар мамлакат 1612 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 393 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазир дар бораи як моҳи мубориза бо COVID-19 ва омори маргумир : “худро намебахшам”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват карданд, ки барои пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият гуфтаанд, табиби ҳар шахс худи ӯст.

1060