Эрон ба Тоҷикистон сафири нав мефиристад

© Sputnik / Антон Быстров / Гузариш ба медиабонкФлаг Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саидмуҳсин Набавӣ, сафири пешини Эрон дар Австрия ба ҳайси сафири нав дар Тоҷикистон пешбарӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бино ба иттилои хабаргузории "Форс", Саидмуҳсин Набавӣ, сафири пешини Эрон дар Австрия ба ҳайси сафири нави Эрон дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Флаг Ирана - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон боварӣ дорад, ки ҳамкориҳояш бо Эрон дар сатҳи боло қарор дорад

Ба гуфтаи манбаъ, Саидмуҳсини Набавӣ, қаблан ба ҳайси сафири Эрон дар Индонезия ва Сингапур низ фаъолият мекардааст. Вай пас аз бозгашт аз Австрия, ба унвони мушовир дар Вазорати умури хориҷаи Эрон, фаъолият дорад.

Саидмуҳсини Набавӣ дар мақоми сафири Эрон дар Тоҷикистон ҷойгузини Ҳуҷаттулоҳ Фағонӣ хоҳад шуд.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ тирамоҳи соли 2014 ҷойгузини Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон таъйин шуда буд. Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ қаблан ҳамчун сафири Эрон дар Афғонистон фаъолият мекард.

Лентаи хабарҳо
0