Автобусҳо, акс аз бойгонӣ

Хуҷанд аз Русия 25 автобус ворид кард

176
(Таҷдидшуда 12:43 24.07.2018)
Дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ мешавад, ба шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, зимни машварати корӣ эълон кард, ки  тибқи лоиҳа ба шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд.

Вай аз масъулини соҳаи нақлиёт барои истифодаи самараноки автобусҳои воридшуда ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бино ба иттиолои манбаъ, тибқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилоят дар маҷмӯъ 100 адад автобус ворид карда мешавад. Вориди 25 автобус, марҳилаи аввал мебоашд.

“Татбиқи лоиҳаи мазкур ва харидорӣ шудани нақлиёти мусофиркашон ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳад кард”, — афзуд манбаъ.

Тибқи иттилои масъулин автобусҳо дар 10 хатсайр ҳаракат хоҳанд кард.

176
Барчаспҳо:
автобус, Хуҷанд, Суғд, нақлиёт, мусофир, Русия, Тоҷикистон

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: писараки 4-сола ҳалок шуд

0
Ронандаи "Мерседес Бенс", ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи "Опел-Вектра" бархӯрдаст

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хабар додааст, ки дар натиҷа мутаассифона кӯдаки хурдсол, чорсола ба ҳалокат расидаст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 4 июн рух додааст.

Тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс», Азимов Аскар Ахмедович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд" дар 186 км, ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда, Забаров Насим Баҳруллоевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" хурдсол, Забаров Муҳаммадҷон Диловарович, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Худи ронанда, Забаров Н.Б. ва мусофираш, Забарова Мастура Раҷабовна, соли таваллудаш 2007, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

0
Учения МЧС РФ в Ростове-на-Дону

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

12
Дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза ҷиҳати безараргардонӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар баробари ба роҳ мондани корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди шаҳр тариқи нақлиёти махсуси хизматӣ ва дастгоҳҳои безараргардонӣ, инчунин Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ба аҳолӣ маҳлули хлорро ройгон дастрас менамояд.

Дар ин бора шаҳрдории Бӯстон гузориш медиҳад.

Дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза ҷиҳати безараргардонӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, шурӯъ аз охирҳои моҳи апрели соли 2020,  ба зиёда аз 780 нафар сокинони шаҳри Бӯстон, ки хоҳиши шахсан дар манзилҳояшон гузаронидани корҳои безараргардонӣ доранд ва ё тариқи пешниҳоди раисони маҳаллаҳо беш  аз 11 тоннаву 700 литр маҳлули хлор дастрас карда шуд.

Тибқи иттилои директори Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Бӯстон Зайнулло Тешаев, дар Марказ захираи кофии маҳлулҳои безараргардонӣ мавҷуд аст.

Сокинон бемамониат имкон доранд ройгон маҳлули хлор дастрас намоянд.

Ҷаҳиши нархи хлору ниқоб дар Суғд

 

12