Раиси "Тоҷикматлубот": нархи наво дар Тоҷикистон то 60 дар сад арзон шудаанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкЗеленый рынок в Душанбе. Архивное фото
Зеленый рынок в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Ҳусайн Идиев, масъалан соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз нархи картошка 4,7 сомониро ташкил медод. Ҳоло бошад, картошка дар бозорҳои Тоҷикистон 1,50 сомонӣ нархгузорӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik.  Ҳусайн Идиев, раиси Иттифоқи "Тоҷикматлубот" дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, "имсол дар кишвар нархи маҳсулоти кишоварзӣ то 50 — 60 дар сад арзон шудааст".

Раиси "Тоҷикматлубот" барои мисол нархи картошкаву пиёзро назар ба соли гузашта қиёс кард.

"Нархи картошка соли 2017, хусусан дар ҳамин шабу рӯз 4 сомониву 70 дирамро ташкил медод. Имрӯз  ин намуди маҳсулот дар бозорҳои кишвар 1,50-2 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин  нархи пиёз  соли гузашта 4 сомонию 50 дирам буд, вале имрӯз ин нарх аз 80 дирам то  1 сомонию 30 дирамро ташкил медиҳад", — гуфт вай.

Строительство новых домов в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Айби масолеҳи сохтмон: дар Душанбе далели болоравии нархи манзилро эълом карданд

Тавре Ҳусайн Идиев афзуд, "имрӯзҳо "Тоҷикматлубот" маҳсулоти арзонро аз деҳқонони кишвар харида, ба мардум пешниҳод карда истодааст".

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон қарор дод, ки назорати доимии нархи наворо дар кишвар роҳандозӣ кунад.

Гуфта мешуд, қарори Ҳукумат "ба хотири ҳимояти иҷтимоии аҳолӣ аз балоравии нарх" ба тасвиб расид.

Қарори мазкур таҳти рақами 287 "Дар бораи номгӯи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд" рӯзи 31-уми майи соли ҷорӣ ба имзо расидааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери ин қарор имзо гузошта ва Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистонро, масъули иҷрои қарори мазкур кардааст.

Тибқи ин қарор, нархи 16 навъи "маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ", аз ҷумла орд, нон, гандум, биринҷ, сабзавот, равған, маҳсулоти ширӣ, тухм ва ғайраҳо таҳти танзими давлатӣ қарор мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки нархгузории ин намуди маҳсулот то кунун дар бозорҳои Тоҷикистон озодона муқаррар мешуд.

Лентаи хабарҳо
0