Дастбанд, акс аз бойгонӣ

Дар Суғд пизишкон барои як роҳхат бештар аз 1000 доллар ришва гирифтанд

315
(Таҷдидшуда 17:09 24.07.2018)
Карим Каримов баъди гирифтани 500 доллар ва 3700 сомонӣ писари шаҳрванд "А"-ро аз комиссияи тиббии комиссарияти ҳарбӣ гузаронида, барои аз муоинаи тибби гузаштан ба Маркази клиникавии дермотологии вилояти Суғд роҳхат навиштааст

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik.  Ду пизишк дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба иттиҳоми даст доштан дар ришваситонӣ боздошт шудаанд. Дар ин бора Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Муовини сардухтури беморхонаи Марказии ноҳияи Ҷаббор Расулови Абдуғафур Темиров ва аъзои комиссияи тиббии комиссарияти ҳарбии ҳамин ноҳия  Карим Каримов  барои ноқобил ба хизмати ҳарбӣ эътироф намудани писари шаҳрванд "А" 1150 доллар пора  талаб намудаанд", — менависад манбаъ.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, Абдуғафур Темиров дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Карим Каримов аз  шаҳрванд "А" 1000 доллар пора гирифта, 150 доллари дигар талаб намудаанд.

"Карим Каримов баъди гирифтани 500 доллар ва 3700 сомонӣ писари шаҳрванд "А"-ро аз комиссияи тиббии комиссарияти ҳарбӣ гузаронида, барои ташхиси тиббӣ  ба Маркази клиникавии дермотологии вилояти Суғд роҳхат навиштааст", — гуфта мешавад дар иттилоия.

Баъдан Абдуғафор Темиров 1350 сомонии дигарро, ки пештар талаб карда буд, мегирад. Дар ҳамин ҳол кормандони Ожонми мубориза бо фасод пизишконро бо далели шайъӣ дастгир мекунанд.

Нисбати ҳолати зикршуда нисбати Темиров Абдуғафор Бобоҷонович ва Каримов Карим Азимович, бо моддаҳои 36 қисми 4 ва 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

315
Барчаспҳо:
дастбанд, пора, боздошт, Тоҷикистон
Министр экономики Завки Завкизода отдал подарки детскому дому в районе Нуробод

Завқи Завқизода ба кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод либоси гарм бурд

1
(Таҷдидшуда 13:52 26.11.2020)
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъкид доштааст, ки амалҳои хайру савоб, аз ҷумла ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон, пирону эҳтиёҷмандон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кившар аст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Завқи Завқизода, азири рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ дастрас намуд. Иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Бино бар иттилои манбаъ, бо мақсади омодагӣ ба фасли зимистон ва зимистонгузаронӣ як зумра маводҳои либоса, таълимӣ ва хурокворӣ супорида шуд.

Гуфта шудааст, ки вазир 110 дона курткаи зимистона, 135 ҷуфт пойафзол, 50 литр равған, 10 халта орд, 40кг гӯшт, 50 кг биринҷ, 50кг шакар, 200 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ, 20 адад моеъи антисептикӣ, 135 дона ручка, 135 дона дафтар ва 20 қуттӣ бур ба таълимгарони Мактаб интернати мазкур супорид.

Завқи Завқизода дар назди таълимгирандагон таъкид доштааст, ки   амалҳои хайру савоб, аз ҷумла ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон, пирону эҳтиёҷмандон, маъюбону камбизоатон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Айни замон дар Мактаб интернати ҷумҳуриявии кудакони ятими ноҳияи Нуробод 135 нафар хонандагон бо шароитҳои хуб таълиму тарбия мегиранд.

1
Барчаспҳо:
кумак, ятимхона, вазир, Тоҷикистон
Мэр города Исфара Баходурзода Баховаддин Баходур

Шаҳрдори нави Исфара муаррифӣ шуд: Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур кист?

235
(Таҷдидшуда 13:52 26.11.2020)
Субҳи имрӯз дар толори мақомоти шаҳри Исфара шаҳрдори нави Исфара аз ҷониби муовини Сарвазири Тоҷикистон Сатториён Матлубахон ва муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар муаррифӣ шуд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Иқбол Тешаев, сухангуи шаҳрдории Исфара гуфт, ки дар ибтидо муовини сарвазири Тоҷикистон Сатториён Матлубахон ҳозиринро бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар бораи ба вазифаи иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара таъин шудани Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур шинос кард.

Бояд гуфт, ки шаҳрдори қаблии шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳр озод шуд ва ба ҷои ӯ Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур иҷрокунандаи ҳамин вазифа таъин шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур зикр намудааст, ки ӯ дар фаъолияти минбаъдаи меҳнатиаш ба ҳайси раиси шаҳри Исфара тамоми донишу малака ва маҳорату таҷрибаи худро барои ободонӣ ва шукуфоии ин шаҳр равона сохта, сазовори боварии ҳам мардум ва ҳам роҳбарияти ҷумҳурӣ хоҳад гашт.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки Баҳоваддин Баҳодурзода 10 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Баҳоваддин Баҳодурзода фаъолияти меҳнатиашро соли 1999 ба ҳайси мутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои машваратчии Раёсати адлияи вилояти Суғд, машваратчии калони Раёсати адлияи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд ва нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов кор кардааст.

Аз соли 2013 то 14 феврали соли 2019 дар вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд фаъолият дошт. Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 феврали соли 2019 муовини Раиси вилоят таъин гардидааст.

Рӯзи 24-уми ноябри соли 2020 бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин шуд.

235
Барчаспҳо:
раис, муаррифӣ, сарвазир, Исфара, Тоҷикистон