Шамоли сахт, акс аз бойгонӣ

Баъди гармиҳо: ҳарорат дар Тоҷикистон якбора паст шуда, боди сахт ва чангу ғубор мешавад

399
(Таҷдидшуда 10:13 25.07.2018)
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, шурӯъ аз имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво нисбат ба рӯзҳои қаблӣ паст мегардад. Дар бештари ноҳияҳо вазиши сахти шамол то 15-20 метр дар як сония расида, дар натиҷа чангу ғубор ба амал меояд

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik.  Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо ба 16-21 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона +16+ 21 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +19+21 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.

399
Барчаспҳо:
чангу ғубор, шамол, ҳарорати гарми ҳаво, Ожонси ҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото

Нигаронии Тоҷикистон аз даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даъват ба оташбас кард

44
(Таҷдидшуда 18:22 28.09.2020)
Тоҷикистонро низ вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ бетараф нагузошт. Ҳукумати кишвар дар робита ба даргириҳои шадиди миёни Озарбойҷону Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳороти расмӣ нашр намуд.

Дар изҳороте, ки торномаи ВУХ нашр намудааст, гуфта мешавад, ки Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ менамояд.

"Аз ҷонибҳо бо исрор даъват мекунем, ки барои қатъи амалиёти ҳарбӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Бар онем, ки ҳалли низоъ дар Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ имконпазир аст", - таъкид мешавад дар хабари вазорат.

Зимнан, Тоҷикистон аҳамияти истисноии ҳалли мусолиматомези ихтилофоти мавҷударо дар чаҳорчӯби меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ таъкид менамояд.

Даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даҳҳо нафар аз ду ҷониб куштаву захмӣ шуданд - акс

Ёдовар мешавем, субҳи рӯзи якшанбе, вазорати дифоъи Озарбойҷон эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон ба маҳалҳои аҳолинишини хатти тамос дар Қарабоғ тирандозӣ кардаанд.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар шиддат гирифтани мухолифат муттаҳам карданд. Ин даргирӣ миёни аҳолии осоишта низ маҷруҳ ва ҳалокшудаҳо барҷой гузошт.

44
Барчаспҳо:
даргирӣ, Қарабоғи Кӯҳӣ, изҳорот, Тоҷикистон
Глава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов

Бахтиёр Худоёрзода ба нозирон САҲА аз омодагиҳои интихоботӣ маълумоти пурра дод

30
(Таҷдидшуда 16:41 28.09.2020)
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо нозирони байналмилалӣ интихоботи қарибулвуқуи президентиро, баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бино бар иттилои КМИР,  имрӯз Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба арзёбии интихобот таҳти роҳбари Ивилина Алексиева-Робинсон, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, дидору гуфтугӯ кард.

Манбаъ таъкид доштааст, ки раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ошкорои Комиссия вобаста ба тайёрӣ ва баргузор намудани интихоботи Президенти Тоҷикистон ба ҳайати мушоҳидон иттилоъ дод.

Гуфта шудааст, ки зимни суҳбат ҷиҳати шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихоботи дарпешистода Комиссия дар самти фаъолгардонии электорат, пешбурди корҳои иттилоотию машваратӣ, истифодаи платформаҳои нави иттилоотӣ дар ин раванд, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои мушаххас ба анҷом расонидааст.

Инчунин таъкид шудааст, ки КМИР Тоҷикистон ҳамзамон барои ҷалби назарраси занон дар ҳайати комиссияҳои интихоботӣ, волонтёрон, риояи чораҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии пандемияи KOVID – 19 дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дар рӯзи интихобот, омодагии комиссияҳои интихоботӣ ба баргузории интихобот ва дигар масъалаҳои вобаста ба интихоботи Президенти Тоҷикистон корҳои мушаххас анҷом додааст.

30
Барчаспҳо:
САҲА, Интихоботи президентӣ, нозирон, раъйпурсӣ, интихобот, Тоҷикистон
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото

Таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 кушта барҷой гузошт

36
(Таҷдидшуда 18:55 28.09.2020)
Музофоти Қундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, минаи сарироҳӣ инфиҷор шудааст. Дар натиҷа чанд кас бар асари таркиш ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дасти кам 4 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад шабакаи Shamshad News.

Ба иттилои манбаъ, таркиш дар вулусволии Алиобод дар музофоти Қундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст.

Бар хабари маълумоти расмӣ, минаи сарироҳӣ асное ба кор даромад, ки воситаи нақлиёт убур кард. Ба эҳтимоли зиёд, минаро Ҷангиёни ҳаракати Толибон гузошта буданд.

Ҳушдори гурӯҳи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон

Пизишкон фавти чаҳор нафаро расман тасдиқ намуданд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар аз ҳалокати 6 нафар хабар доданд.

Алъон ҷангиёни Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтанд.

36
Барчаспҳо:
мина, таркиш, Афғонистон