Сафири Фаронса Ясмин Гуедар, акс аз бойгонӣ

Рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Фаронса

79
(Таҷдидшуда 13:35 29.07.2018)
Фаронса омодаи густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла энержӣ, фанноварии иттилоот, кишоварзӣ, фароварии маҳсулоти кишоварзӣ, гардишгарӣ, фарҳанг, беҳдошт, омӯзиш ва парвариш аст

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон ва сафири Фаронса зимни мулоқот рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишварро баррасӣ намуданд. Дар ин бора хабар додааст дафтари матбуоти утоқи бозаргонии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, Шариф Саид, раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон ва Ясмин Гуедар, сафири Фаронса дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор тарафҳо вазъият ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод миёни Тоҷикистону Фаронсаро баррасӣ намуданд.

"Зимни мулоқот тарафҳо ба масалаи афзоиши ҳаҷми мубодилаи тиҷорӣ, зиёд намудани шумораи ширкатҳои муштарак, сармоягузорӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои илмӣ ва фаннӣ миёни Тоҷикистону Фаронса таваҷҷуҳи хос доданд", — гуфт манбаъ.

Инчуни н зимни мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории тарафайн дар соҳаи энержӣ, кишоварзӣ, фановарии иттилоот, металлургия, маъдан, саноати кимиёӣ, сохти роҳҳо, хадамоти беҳдоштӣ ва омӯзиши нерӯи инсонӣ баррасӣ шуд. 

79
Барчаспҳо:
густариш, энержӣ, Фаронса, иқтисодӣ, ҳамкорӣ, Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон

Қарори нави Рустами Эмомалӣ дар бораи ярмаркаҳои кишоварзӣ дар соли 2021

42
(Таҷдидшуда 10:33 22.01.2021)
Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2021 қарор баровард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино бар қарори раиси шаҳри Душанбе ин ярмаркаҳо бо мақсади бо мақсади таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ баргузор хоҳанд шуд.

Дар ин росто, Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе" дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот" вазифадор шудаанд, ҷиҳати ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳо ва ширкати корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тадбирҳо андешанд.

Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ муваззаф шуданд, барои дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани ғурфа ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Қоидаҳои савдо, тартиботи ҷамъиятӣ ва зиддисӯхторӣ, сифат, нархи маҳсулотҳо ва талаботи санитарию гигиениро бояд Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию ва раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ назорат кунанд.

Ҳамчунин тибқи қарори мазкур, Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хизматрасонии ташхиси маҳсулотҳои гӯштию шириро ҳангоми баргузории ярмаркаҳо бояд тариқи ройгон амалӣ намоянд.

42
Барчаспҳо:
нарх, баргузор, назорат, кишоварзӣ, Душанбе

Бонки миллӣ арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард

176
(Таҷдидшуда 09:18 22.01.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 22 - юми январ эълон кард

ДУШАНБЕ, 22 январ - Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1527 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.7419 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1527 то 0.1550 сомонӣ муқаррар кардааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.7419 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1527 сомонӣ.

Зарар аз муҳоҷират то туризм: Тоҷикистон соли 2021 - ро чӣ гуна пешвоз мегирад

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

176
Барчаспҳо:
евро, рубл, сомонӣ, қурби асъор, Тоҷикистон