Бародари сайёҳи марҳум: ӯ муътақид буд, ки Тоҷикистон хатсайри бехатар аст

CC BY 2.0 / jseliger2 / dead-2Разбитый велосипед, архивное фото
Разбитый велосипед, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эрик Вокке, бародари Ренне Вокке, сайёҳи кушташудаи ҳолландӣ дар Данғара мегӯяд, марҳум муътақид буд, ки Тоҷикистон масири амн барои сайр мебошад

ДУШАНБЕ, 31июл — Sputnik. Эрик Вокке дар суҳбат бо нашрияи Telegraaf изҳор доштааст, ки Ренне бо дучарха аз Таиланд ба Эрон равон буд ва масирро тариқи Тоҷикистон интихоб кард, чун муътақид буд, ки дар қиёс бо Афғонистон амнтар мебошад.

Ренне Вокке, сайёҳи 56-солаи ҳолландӣ то замони маргаш бо дучарха 130 кишвари дунёро сайр кардааст ва саёҳат дар Осиёро бештар аз ҳар ҷои дунё меписандидааст.

Здание МВД в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷузъиёти ҳодисаи Данғара: ВУД ҳамларо кори "ҲНИТ" хонд

Ба гуфтаи Эрик, Реннеро дар ин сафар дӯсташ, хонум Ким Постмаи 58-сола ҳамроҳӣ мекардааст, ки аз ҳамлаи Данғара ҷон ба саломат бурдааст. Ӯ дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ба гуфтаи бародар Ренна ҳамроҳи Ким моҳи феврал ба Таиланд рафта, ният доштанд 20-уми сентябр аз Эрон ба Нидерландия баргарданд. Дар роҳ аз Банкок ба Чин дучархасаворон бо пулис танише доштаанд ва тасмим гирифтаанд, ки роҳашон ба Эронро тариқи Тоҷикистон давом диҳанд.

Эрик Вокке изҳор доштааст, ки мушкилоти бародараш бо пулис барои он сар задаанд, ки Рене ва Ким ҳамеша мавзеъҳои барои сайёҳони дигар начандон ҷолибро интихоб мекардаанд. Дар пайи нофаҳмӣ онҳо тағйири масир кардаанд.

"Мантиқан бояд тариқи Афғонистон мерафтанд, аммо бар ин буданд, ки роҳ хатарнок аст ва Тоҷикистонро ҳамчун масири бехатар интихоб карданд", — изҳор доштааст Эрик.

Аммо бо вуҷуди эҳтиёткорӣ дучархасаворон дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд, ки ба гуфтаи мақомоти умури дохилӣ аз сӯи аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон амалӣ шудааст. Аммо ин ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъ даст доштанашро дар ҳамла бепоя хондааст.

Ҳамла ба 7 дучархасавори хориҷӣ 29-уми июл дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара рух додааст. Мошини "Леганза" сайёҳонро зер карда, сипас афроди дохили мошин ба иттилои мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ба ҷабрдидагон бо корду табар ҳамла кардаанд.  

Ба иттилои ВУД, дар натиҷа 4 сайёҳи хориҷӣ — Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз, шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Вокке Рен Виллем, шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус шаҳрванди Шветсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис ва Дименд Мари Клер шаҳрвандони Швейтсария дар ҳолати вазнин дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ гардидаанд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.

Дар натиҷаи амалиёт алайҳи омилони ин ҳамла ҳадди ақал 4 нафар кушта шуда, 4 нафари дигар боздошт гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0