Марди масте дар боғе дар  Душанбе мехобад

Ман масту ту девона: милисаи Душанбе барои "мубориза" бо мастҳо гурӯҳи корӣ ташкил кард

169
Ин гурӯҳи корӣ аллакай чанд ҳолати дар кӯчаву боғҳои пойтахт хобидани мастҳоро ошкор карда, онҳоро ба ҳушёрхона равон кардааст

ДУШАНБЕ, 31июл — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Душанбе хабар медиҳад, ки дар пойтахт барои бартараф кардани ҳолатҳои ҳузури шаҳрвандони маст дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гурӯҳи корӣ ташкил гардид.

Раёсат дар пайи баррасии гузориши вебгоҳи хабарии "Ахбор.ком"  "Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона?" муайян кардааст, ки дар ҳақиқат ҳузури шаҳрвандони маст дар ҷойҳои ҷамъитии пойтахт ба назар мерасад.

"Ҳузури шаҳрвандони маст дар боғҳо ва марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки ҳусни зоҳирии шаҳри Душанберо коста мегардонанд", — таъкид мекунад манбаъ.

Гурӯҳи кории ташкилкардаи Раёсати ВУД аллакай чанд ҳолати дар кӯчаву боғҳои пойтахт хобидани мастҳоро ошкор карда, онҳоро ба Ҳушёрхонаи тиббии Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе равон кардааст.

Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки мастҳое, ки дар кӯчаву боғҳо хоб мекунанд, бе хонаву дар (бомж) набуда, аксарияти онҳо сокинони ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе мебошанд ва соҳиби хонаву дар ва зану фарзанд низ ҳастанд.

ВУД акс ва ному насаби панҷ мастро мунташир ҳам кардааст.

Раёсат афзудааст, шаҳрвандон ҳангоми рӯ ба рӯ чудан ба чунин ҳолат метавонанд ба милиса тариқи телефони 221 15 00 хабар диҳанд.

169
Барчаспҳо:
мубориза, маст, мард, милиса, Душанбе, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини мақомоти қудратӣ ва давлатиро ҷо ба ҷо кард

30
(Таҷдидшуда 15:16 10.07.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 10 июл, дар мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Раҷабзода Насимҷон ба ин вазифа таъйин гардид, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло Сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Мирзозода Бадриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод карда шуд.

Ҳамзамон, Нурализода Нуриддин Директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Мирзоён Нодир — муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зайнуддинзода Авазхон Сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Зимни суҳбат раисиҷумҳур, аз вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки дар чунин шароити барои тамоми кишварҳои дунё ҳассосу печида ва пешгӯинашаванда ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд бо ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ хизмат намояд.

Барои пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, пурзур намудани назорат ва роҳ надодан ба қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ва молу маҳсулоти пастсифат тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, танҳо масъулият ва ҳушёриву зиракии ҳар як сарҳадбон метавонад кишвари моро аз хавфу хатарҳои ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ эмин нигоҳ дорад, гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

30
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Пыльная буря в Душанбе

Тӯфони сахт ва чангу ғубор: ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоид дар Тоҷикистон

31
(Таҷдидшуда 14:43 10.07.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз тӯфони сахт ва чангу ғубор ҳушдор дода гуфт, чӣ гуна бояд худро аз хатар эмин нигоҳ дошт

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки шабонарӯзи оянда дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии кишвар ва навоҳии тобеъи марказ шамол шиддат мегирад.

"Суръати вазиши он аз 15 то 20 метр дар як сония мерасад. Маъмулан ин гуна вазъ метавонад сабабгори сар задани тӯфон аз чангу ғубор шавад", - омадааст дар хабарнома.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ даъват мекунад ба беморони гирифтори рагу дил, қанд, фишори хуни ҳадди боло бештар диққат диҳанд.

Кумита ҳамчунин ба ронандагон ва кӯҳгардон ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат аз маконе ба макони дигар қоидаҳои техникаи бехатариро риоя намоянд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд ва аз сангрезиши эҳтимолӣ ҳушёр бошанд. 

Дар ин гуна рӯзҳои чӣ бояд кард? Чанд тавсия ба сокинон ва меҳмонони кишвар

  • Бештар об бояд нӯшид, ҳатто на камтар аз 2 – 2,5 литр дар як рӯз ва ба қадри имкон то 0,5 литр оби минералӣ.
  • То имкон доред, тирезаҳои хонаҳоятонро пӯшида нигоҳ доред. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин ҳолат дар соатҳои аввали субҳ аст. Ин замонест, ки моддаҳои ҳалношудаву муаллақ дар фазои атроф мутамарказ мешавад. Наздики нимирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва ин ҳама модаҳои муаллақи ҳалношуда зери фишори  дамои гарм ба боло меравад. Дар ин ҳолат метавон тирезаи бозро бо дока ва ё тӯр пӯшонд, вале фаромӯш накунед, ки он бояд дар ҳолати намӣ нигоҳ дошта шавад.
  • Дар хона бояд рубучини банам гузаронед, талош кунед ҳавои он ҳамеша тоза бошад.
  • Дар ин гуна рӯзҳо духтурон ба хотири мушкилот барои чашмон истифодаи ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд. Чашмонатонро ҳам эҳтиёт кунед. 

Тавсия барои онҳое, ки бемории зиққи нафас доранд ва ё аз аз касалиҳои шуш ранҷ мебаранд:

  •  меъёри доруҳои мавриди истеъмолро кам накунед,
  • ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед,
  • агар талабот ба истифодаи ингляторҳо аз 4 то 6 маротиба дар рӯз беш шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед. 

КҲФ ҳамчунин даъват карда, ки дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода шаҳрвандон бо телефони 112 ва ё ба Қисми навбатдории КҲФ бо шумораҳои 223-13-11, 93 880 28 19 муроҷиат намоед.

31
Барчаспҳо:
чангу ғубор, борону чангу ғубор, Тоҷикистон, КҲФ ҶТ