Ришва ба пизишк, акс аз бойгонӣ

Муаллиму духтур дар сархати порахӯрони Тоҷикистон

717
(Таҷдидшуда 13:46 01.08.2018)
Кормандони мақомоти Ожонсии мубориза бар зидди фасод 334,7 млн. сомонӣ зарар ба буҷаи давлатиро ошкор намуданд

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Сулаймон Султонзода, раиси Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 1-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон 665 тафтиш сурат гирифта, зарари молиявӣ дар ҳаҷми 334,7 млн. сомонӣ ошкор шуд.

Ба гуфтаи вай аз зарари ошкоршуда, 182,3 млн. сомонӣ ба буҷаи давлат баргардонида шуд. Зимни тафтиши ширкати "Барқи Тоҷик" зарари молиявӣ дар ҳаҷми 8,4 млн. сомонӣ ошкор шуд.

Ба гуфтаи Султонзода, дар ин давра беш аз 1,3 ҳазор ҷиноятҳои фасодкорӣ ошкор шудааст. Инчунин, Ожонсии мубориза бар зидди фасод ҷиноятҳои иқтисодии марбут фасодкорӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба андозро ошкор кардаст.

Тибқи иттилои Ожонсӣ соҳаи маориф, тандурустӣ ва заминсозӣ дар сархати ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистон қарор доранд.

"Дар нимсолаи аввали соли равон, дар вазорати тандурустӣ ва зерсохторҳои он 66 ҷиноят ошкор шудааст. Инчунин дар сохторҳои Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ 64 ҷиноят ва дар сохторҳои Вазорати маориф 63 ҷинояти фасодкорӣ ошкор шудааст", — афзуд раиси ожонсии мубориза бар фасод. 

717
Барчаспҳо:
Ожонсӣ, мубориза бо фасод, ришва, фасод, зарар, Тоҷикистон
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

“Худатонро эҳтиёт кунед!” Насиҳати Гулназар Келдӣ аз шифохонаи “Истиқлол”

1
 Гулназар Келдӣ, Шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфтааст

 ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Худи шоир дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонд ва наздиконаш маслиҳат донистанд, ки ӯро ба шифохона интиқол диҳанд.

“Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфт Шоири халқии Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода.

Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

1
Молоток судьи

Ҳукми муллои ҷинбарор эълон шуд: ҳам дуо мехонд ва ҳам маҳсу бахткушоӣ мекард

471
(Таҷдидшуда 13:55 11.08.2020)
Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор, Сочаев бо моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳукми Сочаев Ҷурабой Нарзуқулович, сокини шаҳри Ҳисор, ки  худро дар маҳалли зисташ муллои ҷинбарор муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандони зудбовар бар ивази маҳсу дуохонӣ, баровардани сеҳру ҷоду маблағҳои калон мегирифт, эълон намуд.

Манбаъ меафзояд, муллои ҷодугар аввалҳои моҳи октябри соли 2019 ба боварии шаҳрванд "А" даромада, барои дур намудани сеҳру ҷоду, аз ӯ 3000 сомонӣ пули табобат талаб намуд.

Зимнан, давоми чаҳор моҳ ҳафтае як ё ду маротиба ӯро ба манзили истиқоматии худ хонда бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ӯ нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом дод.

 

Тафсилоти боздошти “Мулло-профессор” дар Ҳисор

Инчунин, ӯ бо ин роҳ шаҳрванд "А”-ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи қаблан муқаррарнамуда, танҳо 1600 сомонӣ гирифт.

Гузашта аз ин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Сочаев муайян ва ошкор карда шуд.

Бар хабари манбаъ, Сочаев аз охирҳои моҳи январ то феврали соли ҷорӣ, амалҳои зишти худро нисбати 5 нафар шаҳрвандон анҷом дода,бо ин кирдорҳои худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Гуфта мешавад, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор нисбати Сочаев ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин карда шуд.

471
Барчаспҳо:
Прокуратураи генералии Тоҷикистон, мулло, ҳукм