Қарори нави Рустам Эмомалӣ ба тавсиб расид

© Сайт мэрия ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарор таҳти рақами 487 аз 31-уми июли соли ҷорӣ ба имзо расидааст. Дафтари матбуотии Ҳукумати пойтахт нусхаи онро мунташир кардааст

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Қарори ҷадиди раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ба тавсиб расид, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, мувофиқи қарори нави Рустам Эмомалӣ маҳаллаи беҳтарин ва кӯчаи беҳтарини Душанбе муайян карда мешавад.

"Ҷиҳати муайян намудани беҳтарин маҳалла ва кӯча бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон озмунҳои шаҳрии "Маҳаллаи беҳтарин" ва "Кӯчаи беҳтарин" гузаронида, дар арафаи таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шаванд", — гуфта мешавад дар банди аввали қарор.

Озмун то 1-уми сентябр ҷамъбаст гардида, ба "Маҳаллаи беҳтарин" 30 ҳазор сомонӣ ва кӯчаи беҳтарин 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Ёдрас мешавем, чунин озмун соли гузашта низ дар арафаи ҷашни Истиқлолият баргузор шуда буд. Мукофотпулӣ барои маҳаллаи беҳтарин 20 ҳазор сомонӣ ва барои кӯчаи беҳтарин 10 ҳазор сомонӣ буд. Имсол ҳаҷми он афзудааст.

Лентаи хабарҳо
0