Марде дар сари чанбараки мошин, акс аз бойгонӣ

Ҳаваси мошинронӣ мактабхонро ба рабудани Тайота-Каролла” водор кард

178
(Таҷдидшуда 11:00 02.08.2018)
Нисбати навраси 17-сола бо моддаи 252 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар Исфара навраси мактабхоне ба рабудани худрави "Тайота-Каролла" муттаҳам мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, марде ба шӯъбаи умури дохилаи Исфара муроҷиат кардааст, ки мошинашро касе аз назди бозор бурдааст.

"Марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри мазкур муроҷиат намуд, ки 25-уми июл, тахминан соати 15:00 шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш, тамғаи "Тайота-Каролла"-ро, ки дар назди бозори марказӣ беназорат меистод, рабудааст",-  гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса навраси 17-солаи сокини кӯчаи Беҳзоди шаҳри Исфара, хонандаи синфи 10-уми МТМУ, бо гумони ғайриқонунӣ рабудани воситаи нақлиёт бидуни тасарруф дастгир карда шуд.

Нисбати ноболиғи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 252 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

178
Барчаспҳо:
мошин, наврасон, Тоҷикистон