Шаҳрвандони Узбакистон марзи Тоҷикистонро убур мекунанд, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон гузаронидани 50 кило борро аз Узбакистон ба кишвар иҷозат дод

291
(Таҷдидшуда 18:12 02.08.2018)
Шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистон метавонанд аз марзи ду кишвар то 50 кило молу маҳсулотро, бидуни боҷи гумрукӣ ба арзиши ҳазор доллар ҳамлу нақл кунанд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни боҷи гумрукӣ метавонанд то 50 кило молу маҳсулотро аз марзи Узбакистон ҳамлу нақл кунанд, гуфт зимни Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи вай, гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 117 миллион доллар расид, ки нисбабат ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба зиёд мебошад.

Каримзода афзуд, ки дар ҳоли ҳозир 16 гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Узбакистон фаъолият доранд, ки дар ин гузаргоҳҳо интиқоли молу маҳсулот аз ҷониби шаҳрвандон монеа нест.

"Шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон то 50 кило молу маҳсулотро бидуни боҷи гумрукӣ ба арзишаш аз ҳазор доллар метавонанд ҳамлу нақл намоянд",- таъкид кард раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Инчунин вай гуфт, ки баъди кушода шудани сарҳад байни ду ҳамсоякишвар баъзе шахсони манфиатдоре пайдо шуданд, ки аз ин сӯистифода карда, молу колоро бидуни ҳуҷҷатҳои гумрукӣ мехостанд ворид намоянд.

"Мақомоти гумрук дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тавонист, аз ин ҳолатҳо пешгирӣ намояд. Барои мисол 435 ҳазор дона тухми мурғ, ки ба стандартҳои ҷавобгӯ набуданд мусодира шуданд. Аммо бояд қайд намуд, ки қароре дар бораи манъ шудани воридоти тухми мурғ ба Тоҷикистон вуҷуд надорад. Муҳим онаст, ки маҳсулот ба стандарт ҷавобгӯ бошад. Тухмҳо бояд дар дар комюнҳои яхчолдор таҳвил шаванд", — таъкид кард вай.

Дар ҳамин давра ҳаҷми воридоти мол 15 милион доллар афзоиш ёта дар умум 66 милион долларро ташкил додааст.

Лозим ба ёдоварист, ки пештар расонаҳои Тоҷикистон хабар дода буданд, ки ба кишвар воридоти тухми мурғ муваққатан мамнӯъ шудааст.

Ин чораҷӯӣ гӯё бо далели шикоятҳои бисёри сокинон аз сифати тухмҳои хориҷа сурат гирифтааст.

291
Барчаспҳо:
рушди иқтисод, савдо, рушд, Узбакистон, тухми мурғ, ҳамкорӣ, Тоҷикистон