зуроварӣ, акс аз бойгонӣ

Боздошти ду ҷавон ба иттиҳоми таҷовузи духтари маъюб ва ноболиғ дар Хуҷанд

1440
(Таҷдидшуда 17:46 02.08.2018)
Тоҷибоев Даврон аз сустақлӣ ва маъюбии ин духтарак истифода намуда, ӯро бо роҳи фиреб ба ҷойи хилват бурда, бо истифода аз зуроварӣ таҷовуз кардааст ва сипас дӯсти худ Шариповро барои ҳамхобагӣ бо ин духтар даъват кардааст. Иброҳим Шарипов низ даъвати рафиқашро пазируфта духтараки ноболиғро таҷовуз мекунад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Хуҷанд ҷинояти мудҳишеро ошкор кардааст: ду ҷавоне, ки пештар барои таҷовуз зиндон шуда буданд, духтари ноболиғ, маъюб ва навраси 12-соларо  таҷовуз кардаанд.

Ҷавонон аз маюбӣ ва сустақлии духтари ноболиғ истифода бурда, даст ба номуси ӯ заданд. Дар ин бора хабар додааст шабакаи телевизионии "СМ-1" хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса аввалҳои  моҳи июл дар яке аз бинои истиқоматии кучаи Гагарини шаҳри Хуҷанд рух додааст.

"Як зан ба мақомоти милиса аз гум шудани духтари маъюби ноболиғаш хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ духтари 12-солааш, маъюби гуруҳи 2, рӯзи 13-уми июл нопадид шудааст", — таъкид кардааст манбаъ.

Дар асоси ин муроҷиат кормандони пулис дар амлиёти фаврӣ ду сокини ҷавони шаҳри Хуҷанд- Тоҷибоев Даврони 27-сола, ва Шарипов Иброҳими 24-сола, ки қаблан бо ҷинояти таҷовуз зиндонӣ шуда буданд, дастгир кардаанд.

"Тоҷибоев Даврон аз сустақлӣ ва маъюбии ин духтарак истифода намуда, ӯро бо роҳи фиреб ба ҷойи хилват бурда, бо истифода аз зуроварӣ таҷовуз кардааст ва сипас дидаву дониста, ки духтарак дар баробари ноболиғ будан, маъюбу сустақл аст, дӯсташ Шариповро, барои ҳамхобагӣ бо ин духтар даъват кардааст. Иброҳим Шарипов низ даъвати рафиқашро пазируфта, духтараки ноболиғро таҷовуз мекунад", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ин ду ҷавон саломатии ҷисмонӣ ва равонии духтари ноболиғро зери хатари бузург гузоштаанд.

Аз рӯйи ин ҳодиса бо моддаи 138-уми КҶ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

1440
Барчаспҳо:
таҷовузи ҷинсӣ, Хуҷанд, духтар, ноболиғ, шаҳр, Тоҷикистон