Барканории умумӣ: дар Суғд 16 имомхатибро сабукдӯш карданд

© SputnikПразднование Курбан-Байрама в Душанбе
Празднование Курбан-Байрама в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳамин ҳол, имомхатиби шаҳри Гулистон Илҳомиддин Абдуллоев ба ҷурми узвият ба ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ба 5,6 соли зиндон маҳкум шудааст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар вилояти Суғд аз оғози сол 16 имомхатиби масҷидҳои вилоят барканор шудаанд. Дар ин бора муовини мудири шӯъбаи умури дини Ҳукумати вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, имхатибони барканоршуда худро дар кумита  саривақт дубора сабти ном накардаанд ё ба мақомҳои худ ҷавобгӯ набуданд.

"Айни замон дар масҷидҳо ба ҷойи онҳо муовинонашон кор мебаранд",- афзудааст вай.

Ба гуфтаи вай, байни имомхатибони барканоршуда, се нафарашон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара, ду нафар аз Панҷакент ва дигарон аз ноҳияву шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Масчо, Гулистон, Ашт, Спитамен ва Ҷаббор Расулов буданд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Рустамзода, Илҳомиддин Абдуллоев, имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Гулистон барои узвият ба ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ба 5,6 соли зиндом маҳкум шудааст.

Лентаи хабарҳо
0