Эмомали Рахмон, архивное фото

Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳои навро ба тавсиб расонид

752
(Таҷдидшуда 11:48 04.08.2018)
Имрӯз аз тарафи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонун, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуд.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонуни навро ба имзо расонид, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, пештр ин қонунҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст.

Ҳамин тавр, қонунҳоиҶТ "Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ", "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ,  гумрук, андоз, мурофиаи иқтисодӣ, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

752
Барчаспҳо:
қонун, Эмомали Раҳмон, Тоҷикистон