Рабочая поездка президента Таджикистана в Дангаринский район Хатлонской области

Сипосгузории Эмомалӣ Раҳмон аз сокинони Данғара барои кӯмак дар ошкори ҳамла ба сайёҳон

923
(Таҷдидшуда 14:58 04.08.2018)
Ҳамчунин раиси ноҳия ба сокинони Данғара, ки дар ошкор кардани ҷинояти ҳамла ба гардишгарон кӯмак кардаанд, тӯҳфаҳои хотирмон дод

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳияи Данғара, ки дар ошкор кардани ҷинояти ҳамла ба террористон дар Данғара кӯмак карда, ба гардишагарони ҷароҳатбардошта дасти мадад дароз кардаанд, изҳори миннатдорӣ кард.

Изҳори сипоси Эмомалӣ Раҳмонро ёвари раисҷумҳур Абдуҷаббор Раҳмонзода дар як мулоқот бо сокинон ба онҳо расонид.

Дар ҳамин мулоқот раиси ноҳия ба афроди кӯмакрасон тӯҳфа тақдим кард.

Ёдрас мешавем, ҳодисаи маргбор 29 июл дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара рух дод, ки дар натиҷа чор нафар, ду шаҳрванди ИМА ва шаҳрвандони Ҳолланду Швейтсария ба ҳалокат расиданд. Мошини "Леганза", ки ҳомили афроди мусаллаҳ будааст, гуруҳи дучархасаворонро зер карда, сипас ҷабрдидагон ҳадафи ҳамла бо корд қарор гирифтаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар мавзеи ҳамла ба гардишагарон дар Данғара лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.

Ҳамчунин як корбари фаъоли Фейсбук Зулфия Раҳматова хабар дод, ки дар рӯзи фоҷеа  раиси Раёсати хадамоти гумрук дар шаҳри Душанбе сайёҳони маҷруҳро фаврӣ бо мошини шахсиаш ба бемористон интиқол додааст. Вай бо навиштани ёддоште дар шабакаи иҷтимоӣ аз Хуршед Бозоров миннатдор гашта, ӯро "инсоне бо дили бузург" номид.

923
Барчаспҳо:
сипосгузорӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Данғара, Тоҷикистон
Люди в масках в городе

БОР барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон иловатан 2,5 миллион доллар медиҳад

10
(Таҷдидшуда 11:27 10.08.2020)
Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 2,5 миллион доллар барои мубориза бо коронавирус гранти иловагӣ хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои сомонаи ташкилот, тасмими додани бурсия тасдиқ шуда, он  аз фонди Осиёии Уқёнуси Ором оид ба вокуниш ба офатҳои барои дастгирии минбаъдаи вокуниши ҳукумат ба пандемияи коронавирус ҷудо карда мешавад.

"БОР комилан омода аст ба Тоҷикистон дар коҳиш додани таъсири пандемия ба саломатӣ ва иқтисодиёти кишвар мусоидат кунад" гуфт Прадеп Сривастава, намояндаи доимии ташкилот дар Тоҷикистон.

“Гранти мазкур ба Тоҷикистон дар хариди лавозимоти тиббии таъҷилӣ барои мубориза бо COVID-19 тибқи нақшаи миллии вокуниш кӯмак хоҳад кард. Мо ҳамкории зичро бо ҳукумат ва дигар шарикони рушд идома хоҳем дод, то барои вокунишҳои ҳамоҳангшуда ва самарабахш кӯмак расонем ” ,- гуфтааст, намояндаи бонк дар Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, гранти нав, аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ шуда, барои беҳтар кардани ташхиси лабораторӣ ва озмоишҳо дар Тоҷикистон истифода мешавад.

Ҳамзамон, он хариди таҷҳизоти тиббӣ ва тадбирҳои дигарро барои кӯмак расонидан ба ҳукумат дар бартараф сохтани камбудиҳои шадид дар вокуниш ба пандемия пешбинӣ мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан низ гуфта буданд, ки дар асоси созишномае БОР то охир сол ба кишвар 50 миллион доллар медиҳад.

БОР барои дастгирии муҳоҷирон ва занони Тоҷикистон 30 миллион доллар медиҳад

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки маблағи мазкур барои рӯйпӯш намудани хароҷоти давлатӣ ва идоракунии молиявӣ, амалӣ намудани ташаббусҳо вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба пешгирӣ ва табобати пандемияи бемории сироятии COVID — 19 масраф карда мешавад.

Татбиқи созишнома то охири соли молиявии 2020 ба нақша гирифта шудааст.

10
Люди в масках в Душанбе

Дастури шаҳрдори Хуҷанд барои ошкорсозии "бениқобон": гигиенаву масофа риоя намешавад

42
(Таҷдидшуда 11:29 10.08.2020)
Масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо баргузории ҷаласа манбаъи паҳншавӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории вируси коронаро мавриди баррасӣ қарор додаанд

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии ҳукумати Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни кори ҷаласа масъулини шаҳр мавридҳои сироятёбӣ ва мубориза бо бемории коронавируси навъи COVID-19 ро таҳқиқ намудаанд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси Хуҷанд гуфтааст, ки мушоҳида мешавад, ки аз ҷониби баъзе шаҳрвандон талаботҳои беҳдоштӣ риоя намегардад ва ин омил ба афзоиши хуруҷи беморӣ бе таъсир намемонад.

“Бозору ҷойҳои истироҳатӣ ва тўю маъракаҳо аз манбаъҳои паҳншавии беморӣ ба шумор мераванд. Бо вуҷуди муайян шудани талаботи беҳдоштӣ мутаасифона аз ҷониби шаҳрвандон гигиенаи ҷамъиятӣ бастани ниқол риояи масофаи иҷтимоӣ аслан риоя карда намешавад”, гуфтааст Нуруллозода.

Маъруф Муҳаммадзода, раиси Хуҷанд ва сардори Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар аъзоёни ҷаласа дастур додааст, ки дар бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рейд гузаронанд ва ҳолатҳои риоя нашудани тавсияҳои беҳдоштӣ аз сӯи сокинонро ошкор намоянд.
Ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10 июн ба моддаи 207 – и Кодекси ҷиноӣ (вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ), моддаҳои 112 (риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ) ва 113 (риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия) – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид намуда ҷавобгарӣ аз рӯи ин моддаҳои қонунро шадидтар намуд.

Аз ҷумла дар қисми қисми 1 и моддаи 113 бе ниқоб ҳузур доштанд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шароити буруз ва густариши маризиҳои ба одам хатарнок ё замони иҷрои тадобири қарантинӣ ҷарима дар ҳаҷми аз ду то панҷ нишондиҳанда барои хисобҳо, мутаносибан 116 то 290 сомонӣ таъйин шудааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегуянд, ҳоло ин моддаҳо тоза ба қонун ҳамроҳ шудаанд ва аз ин хотир корҳои тарғиботӣ мебаранд, то мардум моҳияти қонунро дуруст дарк кунанд, дар акси ҳол барои риоя накардани ин бандҳои қонун татбиқи ҷазо ногузир аст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бегоҳии дирӯз 9 уми август омори тозаи сироятёбӣ, табобат ва фавт аз бемории COVID-19 ро ироа кард.

Ба иттилоъи ин ниҳод дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави беморӣ дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин маризӣ ба 7785 нафар баробар то ин сана 6573 (84,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, дар пайи хуруҷи он то имрӯз 62 нафар фавтидаанд.

42
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон