Телефону компютер, акс аз бойгонӣ

Tcell масдудияти шабакаҳои иҷтимоиро тасдиқ кард: ташаккур барои сабурӣ

374
(Таҷдидшуда 09:07 06.08.2018)
Ширкати Tcell, аз сермизоҷтарин ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон мушкилоти дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро ба сабабҳои техникӣ рабт додааст

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар ин бора Tcell мизоҷонашро тариқи паёмаки кӯтоҳе огоҳ кардааст.

Tcell изҳор доштааст, ки ба далели корҳои фаннӣ дар ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дастрасӣ ба бархе аз шабакаҳои иҷтимоию паёмрасонҳо масдуд шудааст ва аз мизоҷонаш барои сабурӣ миннатдорӣ намудааст.

Ин дар ҳолест, ки тайи рӯзҳои охир корбарони интернет дар Тоҷикистон аз мушкили дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ва Вайберу расонаҳои хабарӣ шикоят карданд. Ба иттилои бархе аз манобеъ дар баъзе идораҳо дастур дода шудааст, ки корбарӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди Фейсбукро камтар кунанд. Далелашро зиёд будани иттилои иғвобарангез дар ин шабакаҳо гуфтаанд.

Масдудияти шабакаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон қаблан низ ҷой дошта, парлумони Тоҷикистон ба мақомот иҷозат дода буд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба далоили амниятӣ дастрасӣ ба алоқа ва шабакаю сомонаҳои интернетиро маҳдуд кунанд.

374
Барчаспҳо:
масдудияти дастрасӣ ба шабакаҳои интернетӣ, ТСЕЛЛ, Тоҷикистон