Ҳушдори Бонки Ҷаҳонӣ аз офатҳои тахрибкунанда дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Гращенков / Гузариш ба медиабонкПоследствия селевого потока
Последствия селевого потока - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки Ҷаҳонӣ маълумот додааст, ки кишварҳои Осиёи Марказиро ғайр аз хушксолӣ ва обуҳавои гарм, дигар офатҳои тахрибкор таҳдид мекунанд, ки метавонанд ба иқтисоди кишварҳои минтақа зарба зананд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро дар баробари хушксолӣ ва обуҳавои гарм, селу тарма, обхезӣ ва ярч дар пеш аст.

Тибқи гузориш Бонки Ҷаҳонӣ офатҳои табиӣ ба буҷети кишварҳои минтақа зарарӣ ҷиддӣ расонда, ба рушди иқтисод ва коҳишёбии сатҳи зиндагии мардум таъсири ҷиддӣ мегузорад.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ дар бораи қарзҳои шубҳаовари "Барқи тоҷик": қарздории мардум "туҳмат" аст?

"Таъсири офатҳои табиӣ барои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ мушкилоти зиёди фискалиро ба вуҷуд меорад. Тақрибан 25 дарсади аҳолии минтақа, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, аз таъсири обу ҳаво вобастагии зиёд доранд. Офатҳои табиӣ метавонад ба ҳосилхезии заминҳои кишти онҳо таъсирӣ ҷиддӣ расонад", — гуфта шудааст дар гузориш.

Дар ҳамин ҳол, зарари соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз хушксолии солҳои 2000-2001 назаррас буд. Дар он давра хисороти Тоҷикистон 4,8 дарсади ММД-ро ташкил дода буд.
Хушксолӣ зимистони хунук дар пай дошт ва соли 2008 дар натиҷаи сардиҳои зимистон вазъи иҷтимоӣ шиддат гирифта буд.

На стройке Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Чаро Бонки ҷаҳонӣ дигар сохтмони Роғунро пуштибонӣ намекунад?

Бино ба гузориши манбаъ, офатҳои табиӣ ба соҳаҳои гуногуни тиҷорат низ таъсир мерасонанд. Шоҳроҳи асосие, ки аз самти кӯҳсори ҷануби Осиёи Марказӣ мегузарад, ҳар сол аз сел, сангрезиш, тармаву ярч зарар мебинад ва ҳаракати мошинҳои тавассути ин роҳ ғайриимкон мегардад.

Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони худ механизми нави маблағгузории хавфҳои офатҳои табииро барои минтақа таҳия дорад. Бонк мехоҳад ба кишварҳои минтақа кумак намояд, ки онҳо дар ҳолати сар задани офатҳои табиӣ устувор бошанд.

Қаблан Тоҷикистон дар натиҷаи офатҳои табиӣ беш аз 500 миллион доллар зарар дида буд. 

Лентаи хабарҳо
0