Дастбанд, акс аз бойгонӣ

Корманди ВУД ҳангоми гирифтани 20 ҳазор доллар пора боздошт шуд

885
(Таҷдидшуда 10:39 07.08.2018)
Кормандони ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, корманди ВУД Тоҷикистонро ҳангоми гирифтани ришва ба андозаи 20 ҳазор доллар дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Муовини сардори Шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадири Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Нусратуллозода Ҷурахон Нусратулло дар ситонидани рушва айбдор шудааст, хабар медиҳад ожонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикичтон.

"Шаҳрванд "А" ба ожонсӣ муроҷиат намуд, ки нисбати муовини сардори Шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадири ВУД Тоҷикистон Нусратуллозода Ҷурахон Нусратулло чораи қонунӣ андешида шавад. Чунки номбурда барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародаронаш ба сифати пора 20 ҳазор доллар талаб намудааст",- таъкид кард манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, номбурда дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ, ҳангоми гирифтани маблағи 19 ҳазору 800 доллар дар дохили ҳуҷраи табобатии Маҷмааи табобатии "Истиқлол" воқеъ дар кучаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе, дастгир шуд.

Дар ҳоли ҳозир, нисбати Нусратуллозода Чурахон Нусратулло, бо моддаҳои 32 кисми 3- 319 кисми 4 банди "г"-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

885
Барчаспҳо:
дастгир, кормандони милитсия, пора, ришва, коррупсия, Тоҷикистон