Стенди ман Хуҷандро дуст медорам, акс аз бойгонӣ

Ташрифи гурӯҳи хабарнигорони Узбакистон ба вилояти Суғд

75
Имрӯз гурӯҳи 13 нафараи хабарнигорони Узбакистон ба вилояти Суғд ташриф меоранд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Имрӯз гурӯҳи 13 нафарии хабарнигорони Узбакистон вориди вилояти Суғди Тоҷикистон мешаванд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд.

Ба гуфтаи манбаъ, меҳмонон дар доираи сафари худ аз идораи рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқатӣ» боздид карда, дар «Кохи матбуот» бо аҳли зиёи вилоят мулоқот хоҳанд кард.

"Ба ҳайати гурӯҳ Шарофат Эрматова — хабарнигори шабакаи телевизионии Узбакистон ва раиси Маркази фарҳаангии миллии тоҷикони Узбакистон "Ориёно", Тоҷибой Икромов, муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Овози тоҷик", Ҷасур Исҳоқов, муаллифи филми мустанади "Зери осомони ягона", Ҷумъа Ҳамроев, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Олим Ҷумъақулов, муҳаррири рӯзномаи "Ховар", Нурулло Насриев, мудири шуъбаи Агентии миллии иттилоотии Узбакистон, Зебо Тӯхтаева, хабарнигори телевизион "Узбакистон 24" ва ғайра шомил мебошанд", — гуфт манбаъ.

Манбаъ таъкид кард, ки меҳмонони узбак зимни сафари худ аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид карда дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилоят дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд", иштирок мекунанд. Инчунин онҳо аз бозори марказии «Панҷшанбе» ва масҷиди ҷомеаи Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд боздид мекунанд.

Рӯзноманигорони Узбакистон дар баробари шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин аз шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва Душанбе боздид хоҳанд кард.

75
Барчаспҳо:
хабарнигор, боздид, ҳамкорӣ, Узбакистон, Суғд, Хуҷанд, Тоҷикистон