Низом Косим,Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Тасмими имзои Ёддошти тафоҳум миёни адибони тоҷику узбак

63
(Таҷдидшуда 17:27 07.08.2018)
Дар доираи баргузории конфронси байналмилалии “Омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосири узбек дар сатҳи байналмилалӣ ва маъруфияти он”, ки рӯзҳои 7-8 август дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, байни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Узбакистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо мерасад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Байни иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаи ҳамкорӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо хоҳад расид, иттилоъ додааст Итифоқи нависандагони Узбакистон.

конфронси байналмилалии "Омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосири узбек дар сатҳи байналмилалӣ ва маъруфияти он", ки рӯзҳои 7-8 август дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, беш аз 40 шоиру нависанда ва адабиётшиноси 25 кишвари дунё иштирок хоҳад кард.

Тоҷикистонро дар ин конфронс Низом Қосим раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон муарифӣ мекунад.

63
Барчаспҳо:
Низом Қосим, адибон, Шоира, Узбакистон, ҳамкорӣ, Тоҷикистон, Тоҷикистон