Шикояти мардуми Исфара аз маорифу тандурустӣ ба Раҷаббой Аҳмадзода

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳафтуми август дар шаҳри Исфара қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят баргузор шуд. Мардум дар мулоқоти чашм ба чашм ба Аҳмадзода "дарди дил" карданд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ дар шаҳри Исфара қарор дорад.

Аҳмадзода зимни боздид аз шаҳр бо фаъолияти  корхонаҳои саноатӣ шинос гашта, ба мумфаршкунии роҳҳо якҷо бо раиси шаҳр оғоз бахшид.

Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, ҳамчунин дар маҷлисгоҳи бинои Нозироти андози шаҳри Исфара қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

"Дар рӯзи қабули шаҳрвандон 20 нафар сокинони ҷамоатҳои Ворух, Навгилем, Кӯлканд, Чилгазӣ, Лаккон, Хонобод, Нефтобод ва маркази шаҳр ба Раиси вилоят муроҷиат намуданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Бино бар иттилои дафтари матбуотӣ сокинон асосан барои ҳалли мушкилоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, варзиш, фарҳанг, таъмин шудан бо оби нӯшокӣ ва дарёфти кӯмакҳои моддӣ муроҷиат карданд.

Раиси вилоят ҳар як дархости сокинонро баррасӣ намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилот масъулини ниҳодҳои марбутаро вазифадор намуд, афзудааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0