НаБоздошт, акс аз бойгонӣ

Боздошти ду сокини Ишкошим ба иттиҳоми муомилаи шираи камол

259
Ҳангому кофтукови шахсӣ аз ин ду мард 19 килову 530 грамм ширакаи камол пайдо шуд. Дар Тоҷикистон ҷамоварии ин гиёҳ аз соли 2008 мамнӯъ аст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохила дар Леваканд мардро ба иттиҳоми муомилаи ғайриқонунии шираи камол дастгир кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршавандаҳо марди 34 ва 52-солаи сокинони ноҳияи Ишкошим буда, дар мавзеи Тиятоши Леваканд дастгир шудаанд.

"Ҳангоми кофкукови шахсӣ аз онҳо як адад зарфи ғунҷоишаш 20-литра дарёфт гардид, ки дар дохилаш мувофиқи хулосаи таҳлили кимиёвии фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон "шираи камол" буда, вазни холисаш, 19 килограмму 530-граммро ташкил медиҳад", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, содироти шираи камол аз Тоҷикистон то соли 2008 озод буд. Шаҳрвандоне, ки ба майдонҳои гиёҳи камол дастрасӣ доштанд, мустақилона онро ҷамъ оварда, тавассути тоҷирони афғонистонӣ ба хориҷа содир мекарданд.

19 сентябри соли 2008 президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи манъи қатъии ҷамъоварии шираи камол амр баровард ва аз он рӯз ҷамъоварӣ ва тиҷорати шираи камол дар шакли хом манъ карда шуд.

259
Барчаспҳо:
боздошт, шираи камол, Ишкошим, Тоҷикистон