Символ всемирного дня борьбы со СПИДом

Далели 10 мардро мубталои СПИД кардани зани сабукпо исбот нашуд

167
Ин сокини Шаҳритусро на барои сироят кардани 10 мард ба муддати 1 сол аз озодӣ маҳрум кардаанд, балки барои дидаву дониста саломати дигаронро зери хатар гузоштан ва даст ба фоҳишагӣ заданаш зиндон кардаанд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Далели 10 мардро мубталои СПИД кардани як зани сокини Шаҳритус, ки даст ба фоҳишагӣ мезад, исбот нашуд. Дар ин бора ожонси хабаргузории "Ховар" гузориш додааст.

Манбаъ дар истинод ба мудири Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО (СПИД) Дилшод Сайбурҳонов менависад, зани шаҳрутусӣ дидаву дониста, ки мубталои СПИД аст, саломатии дигаронро таҳти хатар гузоштааст ва даст ба фоҳишагӣ задааст. Бо ҳамин далел ӯ тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

"Мо нисбат ба ҳолате, ки дар ноҳияи Шаҳритус ба амал омад, таҳлилҳо гузаронидем. Натиҷаҳо нишон дод, ки ин зан бо ВНМО таи чанд сол зиндагӣ мекунад. Аз ҳолати сироятнок будани худ огоҳ аст. Таҳти назорати диспансерӣ қарор дошт ва новобаста аз ин саломатии дигар нафаронро таҳти хатар гузошт. Яъне, номбурда бо расонидани хизматҳои шаҳвонии тиҷоратӣ машғул будааст. Ӯро тибқи моддаи 125 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муҷозот карданд, — тавзеҳ додааст мудири муассиса.

"Таҳлилҳо нишон доданд, ки ягон нафар аз мардони бо ӯ дар алоқабуда сироят наёфтаанд ва ҳангоми ташхиси имуноферментӣ сироятнок будани онҳо низ исбот нашуд. Новобаста аз ин шахсони номбурда таҳти назорат қарор доранд", — афзудааст вай.

Пештар хабар дода шуд, ки зане дар ноҳияи Шаҳритус ба олуда кардани даҳ мард ба бемории СПИД муттаҳам мешавад. Чанде пеш ӯро додгоҳи ноҳия ба 1 соли зиндон маҳкум кард.

Ба иттили коршиносон, бештари мубталоёни ин вирус мардони муҳоҷир ва мӯътодони маводи мухаддир мебошанд.

Бояд қайд кард, ки дар Русия барои мубталоёни ин беморӣ маҳдудият ҷорӣ шуда, воридшавӣ ба ин кишвар бе далели қатъӣ мамнӯъ аст. Ҳамчунин дар ҳолати муайян шудани ин беморӣ ба муҳоҷирон иҷозатномаи кор намедиҳанд ё агар дошта бошанд, онро бекор мекунанд.

167
Барчаспҳо:
ҷавобгарӣ, ҷиноят, СПИД, зан, Тоҷикистон