Гурба, акс аз бойгонӣ

Шабона пул мадеҳ, гӯши гарм нишони ғайбат: боварҳои мардумии тоҷикон дурустанд?

538
(Таҷдидшуда 09:46 10.08.2018)
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон боварҳои мардумии роиҷ дар кишварро ба баррасӣ гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Саҳобуддин Шамсиддинов, корбари фейсбук дар гуруҳи "Хуҷандро дӯст медорам", саргузашти дӯсташро қисса кардааст, ки ҳангоми аз пеши мошинаш гузаштани гурбаи сиёҳ, аз мошин фаромада, санге паси китф партофааст.

Дӯсти Саҳобуддин дар шарҳи ин кораш гуфтааст,  дар акси ҳол вақте гурба аз пеши роҳи одам мегузарад, корҳо бастаю бебарор мешаванд.

Дар пайи ин селаи боварҳои мардумии Тоҷикистон ба шабакаҳои иҷтимоӣ рехта, баҳси гармеро ба вуҷуд оварданд. Корбарон боварҳои нисбатан маъмулро зикр карданд, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон паҳн шудаанд.

Аз ҷумла шаб хона нарӯб баракат мепарад. Ҳуштак накаш, пул намебиёяд. Дар чой шамма рост истад, меҳмон меояд. Чойи гарм резад, меҳмони гармрӯй мебиёяд. Қошуқ афтад, занак меояд, корд ғалтад мардак меояд. Дасти рост хорад, пул меояд. Рӯзҳои сешанбе оббозӣ, саршӯйӣ мумкин нест. Намак резад, аз болояш шакар рез, вагарна ҷанг мешавад.

Шабона агар ба оина нигоҳ кунӣ, дар ҷои дур шавҳар мекунӣ. Гӯш таспад кадоме дар бораи ту суҳбат карда истодааст. Чашмат парад, росташ хурсандӣ, чапаш хафагӣ.

Бинӣ хорад, ош мехурӣ, миёни қош усма накаш ду шавҳар мекунӣ. Саҳари шанбе пул мадеҳ. Кафшҳоят болои ҳам истанд, шавҳарат боз як зани дигар мегирад. Ба кафши меҳмон намак пошӣ, даррав меравад. Авқот шӯр шуд, кадбону шавҳарро зиёд дӯст медорад.

Аз пайи меҳмони нофорам рӯб ё ҷоруб зан, дигар намеояд. Шаб нохун нагир, ҷӯробро рост намон, ки дар хона азо мешавад. Миёни нонро хурӣ, дар маркази шаҳр хонадор мешавӣ.

Мобайни қош дур бошад, ҷои дур шавҳар мекунӣ, мобайни қошро усма кунӣ, ду шавҳар мекунӣ.

Шаб пулро додан мумкин нест,  баракат мепарад, агар сахт лозим шуд, дар замин монед, дар даст надиҳед. Намак резад, баракат мепарад. Ба роҳи дур ба сафар бароянд ҷорӯб назан.  Тагпӯшро чаппа ба бар кунӣ, чашм намерасад. Аловчабозӣ накун, мезакин мешавӣ. Таги табақи хӯрок налес, дар тӯят борон мешавад.

Гуруҳе ин боварҳоро ширку хурофот номидаанд, аммо бархе бо зикри таҷрибаашон дуруст будани қисме аз ин гуфтаҳоро таъкид кардаанд. Аз ҷумла Фирӯза сабаби дар ҷои дур шавҳар карданашро ба он рабт додааст, ки шабона худро дар оина зиёд нигоҳ мекард.

Баъзе маҳудудиятҳои кор дар шабро бархе таҳлилгарон ба он рабт додаанд, ки дар гузашта ба далели камбуди рушноӣ имкони хато кардан зиёд буд. "Кори шаб хандаи рӯз",  мегуфтанд, аммо дар замони мо, ки рӯшноӣ таъмин аст, ҳамаи корро кардан мумкин аст.

Дар ҳамин ҳол қаблан Шӯрои уламои Тоҷикистон алайҳи маҳдудияти рӯзҳо барои шӯстушӯйу нохунгирӣ изҳорот дода, таъкид намуда буд, ки тозагӣ аз талаботи Ислом аст ва барои он ҳама рӯз мувофиқ мебошад.  

538
Барчаспҳо:
хурофот, ширк, боварҳои мардумӣ, гурба, Тоҷикистон
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

84
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

84
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон
Амнистия заключенных в Согдийской области

Эълони авф дар Тоҷикистон: Раҳмон чанд маҳбусро бахшид?

965
(Таҷдидшуда 20:40 30.10.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пас аз маросими савгандёдкунӣ авф эълон карда, беш аз 300 нафарро аз зиндон озод кард

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунӣ авф эълон карда, 378 маҳбусро бахшид.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, тасмими авфи зиндониён имрӯз бо фармони Президенти кишвар сурат гирифтааст.

Озодӣ бе порадиҳӣ: таъкиди Президент ба пешгирии фасод ҳангоми афв

Гуфта мешавад,  фармони раисиҷумҳур "Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд" дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон сурат гирифта, бар асоси он 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.

Ёдрас мешавем, ки бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2019 қонуни авфро имзо карда буд.

Он замон 20 ҳазор зиндонӣ бахшида шуда буданд.

965
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Эмомалӣ Раҳмон, авф, Тоҷикистон