Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Пули мизоҷонро гирифт: Рустам Эмомалӣ раёсати "Манзили дастрас"-ро ба прокуратура дод

1897
(Таҷдидшуда 18:12 10.08.2018)
Роҳбарияти "Сохтмони манзили дастрас" аз шаҳрвандон пул гирифта, онро ба хазинаи корхона ворид накардааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ роҳбарияти ширкати сохтмонии  "Манзили дастрас" — ро ба додситонӣ додааст. Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдорӣ иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ин қазия бо далели сӯиистифода шудани маблағи мизоҷон аз ҷониби роҳбарияти ширкат ба додситонӣ кашида шуд.

"Таҳлили муқоисавии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии "Сохтмони манзили дастрас" муайян намуд, ки роҳбарияти корхона аз шаҳрвандон маблағи пулӣ қабул намуда, онро ба хазинаи корхона ворид накардааст", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Шаҳрдори Душанбе дустур додааст, ки додсионӣ нисбати ин амали раёсати ширкат чораандешӣ кунад.

"Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе маводи дахлдор барои санҷиш ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати барқарор намудани зарар ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол гардид", — афзудааст шаҳрдорӣ.

КВД "Манзили дастрас" лоиҳаи сохтмонии шаҳрдории Душанбе аст, ки бо ҷонибдории шаҳрдори вақти Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ташкил ёфта буд.

Баҳори соли 2017 пас аз шикояти сершумори мардум Ожонси мубориза бо фасод "Манзили дастрас"-ро таҳти санҷиш қарор дод.

Баҳори соли 2018 шаҳрдори Душанбе бо як қарор шӯрои нозирони ширкати "Манзили дастрас"-ро ташкил кард.

Ҳадафи аслии таъсиси шӯрои нозирони "Манзили дастрас"-ро шаҳрдор, "ҳимояи манфиат ва ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, сари вақт ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои бунёдшавандаи истиқоматӣ, беҳбуд бахшидан ва таъмини самаранокии фаъолият дар Корхонаи воҳиди давлатии "Сохтмони манзили дастрас" гуфта мешуд.

1897
Барчаспҳо:
Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон