Сотрудники подразделений специального назначения, архивное фото

Дар Тоҷикистон размойиши СПАД баргузор мешавад

91
(Таҷдидшуда 20:32 10.08.2018)
Дар поёни моҳи октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон размойиши Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ – “Марз-2018” баргузо хоҳад шуд,

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи вазорати дифоъи Тоҷикистон, размойиш дар размойишгоҳи "Ҳарбмайдон" барпо мегардад.

Дар ҳоли ҳозир музокирот барои омодагӣ ба ин размойиш идома дорад. Намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон, Қирғизистон Русия ва Тоҷикистон масоъили гуногуни размойишро баррасӣ мекунанд.

Соли 2016 размойиши "Марз" дар кӯҳистони Қирғизистон баргузор шуда буд. Дар ин размойиш беш аз 1 ҳазор тан сарбози Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ширкат карданд.

Аз Тоҷикистон дар тамринҳои ҳарбӣ нирӯҳои махсуси Вазорати корҳои дохила иштирок каоданд.

Ҳадафи аслии тамринҳо, боло бурдани ҳамоҳангии нируҳои махсус бо дигар мақомотҳои қудратӣ зимни амалиётҳои низомӣ мебошад.

Қаблан қаламрави кишварҳои ҳамсуд ҳамагӣ се маротиба размоиши "Кобалт" ташкил шуда буд.

Аввалин тамрин дар соли 2010 дар вилояти Ростови Русия баргузор шуда буд.

91
Барчаспҳо:
размоиш, Тоҷикистон