Пассажирская канатная дорога, архивное фото

Бунёди роҳи танобӣ дар Хуҷанд оғоз шуд

358
(Таҷдидшуда 13:40 11.08.2018)
Лоиҳаи бунёди фарозбар ё роҳи танобӣ ҳанӯз 30 сол пеш тарҳрезӣ гарида, он акнун то охири соли равон бунёд ва ба истифода дода мешавад

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар Хуҷанд бунёди роҳи танобӣ оғоз шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маросими оғози сохтмони роҳ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат кард.

Гуфта мешавад, дарозии фарозбар 1050 метрро ташшкил дода, бунёди онро соҳибкорон маблағгузорӣ мекунанд.

"Роҳи танобӣ дорои 47 кобина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кобинаи хизматрасони олӣ буда, дар як вақт барои 160 нафар хизматрасонӣ менамояд", — афзудааст манбаъ.

Иттилоъ дода шуд, ки баландии роҳи танобӣ дар сатҳи дарё 35 метрро ташкил дода, баъди истифода додани он 16 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ "Абдурашид" буда, масолеҳи сохтмонӣ пурра ватанӣ мебошад.

Интизор меравад, ки роҳи танобӣ охири соли равон мавриди истифодабарӣ қарор мегирад.

358
Барчаспҳо:
роҳи танобӣ, сохтмон, Хуҷанд, Тоҷикистон